ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Ҳангоми гузаронидани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯи кормандони Вазорати умури дохила як қатор ҷиноятҳои қаллобиро ошкор намудаанд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ВУД Тоҷикистон.
Манбаъ афзудааст, ки зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи ноябри соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии марди 34-солаи сокини шаҳри Бохтар даромада, аз ӯ автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра”-ро ба маблағи 32 000-сомонӣ нархгузорӣ намуда, гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ноҳияи Аштро, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир намуданд.
Номбурда, моҳи декабри соли 2017 ҳангоми дар кӯчаи Айнии пойтахт қарор доштанаш, бо роҳи фиреб ба боварии марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 55 ҳазору 500-сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.
Ҳамчунин оид ба ҳодисаи қаллобӣ ба ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров зани 55-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 8-уми январи соли 2019, марди 33-солаи сокини шаҳраки Ғафуров бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 41 ҳазору 600-сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати марди гумонбар дар қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.