ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Додгоҳи низомии Душанбе, Зиёвиддин Буриев, моҳи июни соли 2018 тариқӣ шартномавӣ дар зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъин шуда, аллакай моҳи сентябри ҳамон сол даст ба қаллобӣ задааст.
Манбаъ мегӯяд, Буриев дар маслиҳат бо Лутфулло Сарошоев барои тайёр кардани билети ҳарбии афсарӣ аз шаҳрванд Баротов Сафар Саидович 1 ҳазор доллар талаб карда, гирифтаанд.
Бар асоси маводи парванда, Баротов 10-уи сентябри соли 2018 як ҳазор долларро ба Сарашоев додааст. Аз ин маблағ 400 долларро Сарошоев ва 600 доллари боқимондаро Баротов гирифта, ба манфиати худ истифода кардаанд.
Додгоҳ таъкид кардааст, ки дар пайи гирифтани маблағ афроди номбурда ба манфиати Баротов коре анҷом надода, зарари ҷиддии моддӣ расониданд.
Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Буриев Зиёвидин Ҷамолидинович ва Сарашоев Лутфулло Нозимшоевичро бар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ, дар қаллобӣ гунаҳкор дониста, ба андозаи 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё 18 ҳазору 250 сомонӣ ҷарима бастааст.
Дар қарори додгоҳ таъкид шудааст, ки ҷазои мазкур барои Буриев ва Сарошоев, бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян таъин карда шудааст.