Бонки миллӣ ба ду ТАҚХ “Тамвил” ва “Душанбе-Сити” барои се сол иҷозатнома дод

© SputnikНациональный банк Таджикистана, архивное фото
Национальный банк Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо қарори навбатии раёсати Бонки Миллии Тоҷикистон ба ду ташкилоти амонатии қарзии хурд “Тамвил” ва “Душанбе-Сити” ба муҳлати се сол иҷозатнома дода шуд

ДУШАНБЕ, 8 апр - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, бо қарори навбатии раёсати Бонки миллӣ ба ду ташкилоти амонатии қарзии хурд (ТАҚХ) барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Атласпей” ва “Express Pay” ба муҳлати 3 сол иҷозатнома дода шуд.

Национальный банк Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллӣ иҷозатномаи “Ташкилоти суғуртавии Лондон Душанбе”-ро бекор кард

Тибқи иттилои манбаъ, бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 14-и Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, моддаи 18-и Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва дар асоси моддаи 77 –и Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” аз 3 апрели соли 2019 таҳти №28 ба ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Атласпей” ба муҳлати 3  сол иҷозатнома дода шуд.

Инчунин, Бонки миллии Тоҷикистон ба ҶДММ ТАҚХ “Душанбе-Сити” барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Express Pay” ба муҳлати се сол иҷозатнома додааст.

Ҳамзамон масъулини Бонки миллӣ, идораи низоми пардохтро муаззаф карда аст, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ нисбати ташкилотҳои номбурда сабти дахлдор ворид намояд.

Лентаи хабарҳо
0