ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Бо қарори навбатии раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дархости ҶСП “Ташкилоти суғуртавии Лондон Душанбе” роҷеъ ба барҳамдиҳии ихтиёрӣ қонеъ карда шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бонки миллӣ.
“Дар асоси моддаи 14 (1) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва боби 12 Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатии худ аз 18 марти соли 2019, №23 дархости Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ташкилоти суғуртавии Лондон Душанбе”-ро оид ба барҳамдиҳии ихтиёрӣ қонеъ намуд”, - таъкид намудааст манбаъ.
Бонки милли қайд намудааст, ки тибқи қарори мазкур, иҷозатномаи ҶСП “Ташкилоти суғуртавии Лондон Душанбе”, ки барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ аз 11 ноябри соли 2014 дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд.
Инчунин манбаъ зикр намудааст, ки идораи назорати суғуртавӣ барои ворид намудани тағйироти дахлдор дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта вазифадор карда шуд.