ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, баландии пояи Парчами давлатӣ дар Спитамен 50 метрро ташкил дода, дарозии матои он ба 14 ва паҳноияш ба 7 метр баробар аст.
“Нишони давлатӣ дар баландии 25 метр қомат афрохтааст ва ин ду муқаддасоти миллӣ басо диққатҷалбкунанда ба назар мерасанд. Дар мобайни Парчам ва Нишони давлатӣ 6 фаввора бунёд гардидаанд, ки ҳар кадоми он бо усули муосир оро ёфтааст”, - омадааст дар иттилоияи котиботи раисиҷумҳур.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ноҳияи мазкур бинои нави Китобхона, осорхонаи “Курушкада”-и таърихӣ ва мактаби мусиқии бачагонаи рақами 2-ро бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, бинои китобхона, осорхонаи таърихӣ ва мактаби мусиқии бачагона дар ноҳияи Спитамен дар масоҳати 1,2 га дар маркази ноҳия қомат афрохта, масоҳати умумии сохтмон 540 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Манбаъ афзуд, дар ошёнаи якум китобхона, дар дуюм осорхона ва дар ошёнаи сеюм мактаби мусиқии бачагона ҷойгир мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон ба китобхонаи навбунёд 400 адад адабиёти тозанашри адибони тоҷик ва ба мактаби мусиқии бачагонаи рақами 2-и ноҳияи Спитамен 40 адад асбобҳои мусиқии гуногуни миллиро тақдим кард.
Раисиҷумҳур зимни суханронияш дар назди ҳозирин аз аҳли фарҳанг, омӯзгорон ва масъулин даъват кардааст, ки бо фароҳам овардани чунин шароити васеъи корӣ ва муосир дар тарбияи насли ояндасози кишвар масъулияти бештар зоҳир намуда, барои ояндаи дурахшони Ватан ҷавонони боистеъдоду мутахассисони сатҳи ҷаҳониро тарбия намоянд.