ДУШАНБЕ, 31 мар – Sputnik. Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа бо нашри муроҷиатнома ба мардуми кишвар таъкид кардааст, ки намоз ибодати бузург аст ва бояд онро муқаддас донист, аз ин рӯ, гузоридани он дар ҷойҳои нопок ва олуда аз намоз дар маконҳои зеринро макрӯҳ шумурда шудааст.
“Дар рӯ ба рӯи оташ, гулхан ва оташдоне, ки дар он оташ бошад, дар ҷойҳои нолоиқ ва олуда, ба монанди ҳаммом, аз нигоҳи шариати Ислом ва хусусан фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ нораво ва нописандида аст", - изҳор дошт манбаъ.
Маркази исломии Тоҷикистон афзудааст, аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) аз намоз гузоридан дар ҳафт макон - партовгоҳ, кушторгоҳи ҳайвонот, қабристон, роҳи рафтуомад, ҳаммом, ҷойи хоби шутурон, болои Каъба манъ кардаанд. (Ривояти Тирмизӣ)
Дар муроҷиатнома таъкид шудааст, ки агар мусулмон бо дилу нияти пок дар манзиле, ки иқомат дорад ва ба ҳар манзили дигаре, ки меҳмонӣ меравад, маскани кору фаъолияти хизматии ӯст, саҳро, ки он ҷо заҳмати киштукорашро анҷом медиҳад, барои сарфаи вақт метавонад намозҳояшро хонад ва ин амали ӯ тибқи фармудаи Имоми Аъзам раҳимуҳуллоҳ раво дониста мешавад ва бинобар ҷой доштани узри шаръӣ намози ҷумъа аз ӯ соқит мегардад.
“Чунки шариати Ислом дар ҳолатҳои зарурат осониро барои ибодати бандагонаш тавсия медиҳад, дар ин маврид Расули Акрам (с) мефармоянд: “Яссиру ва ло туассиру” – яъне осон бигиред ва сахт нагиред”, - таъкид кардааст раёсати Маркази исломии Тоҷикистон.
Ин ниҳод таъкид намудааст, ки ҳар фарди мусулмон бояд ба ин фаризаи илоҳӣ таваҷҷуҳ дошта, нисбати он беэътиноӣ накунад ва намозро дар масҷид ва ҷойҳои пок гузорад, на дар роҳравҳо ва назди издиҳому ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки мардум ба корҳои гуногун машғул мебошанд.
“ Зеро дар кӯчаву роҳравҳое, ки намоз гузорида мешавад, рафтуомади мардум зиёд аст ва эҳтимоли мавҷуд будани ифлосиҳо, ахлот ва наҷаси ҳайвонот ҷой дорад. Бояд донист, ки дар дини Ислом намоз хондан дар кӯчаву роҳравҳо манъ аст. Чунончи дар ҳадисе, ки дар боло зикр шуд, Расули Худо (с) аз намоз гузоридан дар роҳи рафтуомади мардум манъ намудаанд”, - изҳор доштааст Маркази исломӣ.
Ин ниҳод таъкид намудааст, ки “мо бояд фарҳанг ва маърифати ба масҷид рафтан ва иштирок дар намози ҷумъа ва дигар намозҳоро риоя кунем, то ин ки ибодати анҷомдодаамон мақбули даргоҳи илоҳӣ шавад”.