Қатъи пеш аз муҳлати ваколатҳои Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода

© сомонаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ТоҷикистонДавлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ваколати Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология ҳафтаи равон қабл аз муҳлат қатъ карда шуд

ДУШАНБЕ, 31 мар – Sputnik. Дар қарори Маҷлиси миллӣ таъкид шудааст, ки бинобар  мутобиқат накардани вазифаи ишғолнамудаи Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба узвияти Маҷлиси миллӣ,  ваколати ӯ қабл аз муҳлат қатъ гардид.

Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Махмадсаид Убайдуллоев - Sputnik Тоҷикистон
Дархосту пешниҳодҳои Убайдуллоев ба Раҳмон: аз шарикии боэътимод то риояи қонун барои ҳама

Инчунин аъзои палатаи болоии парлумон 29 март дар иҷлосияи 18-ум қарор кардаанд, ки Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ  бо “Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шавад.

Тасмими мазкури Маҷлиси миллӣ дар ҳолест, ки бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи январи соли равон  Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ аз вазифаи раиси вилояти Хатлон озод карда шуд.  Гулмаҳмадзода бо қарори Ҳукумат, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Дар назар аст, ки ҷойгузини Гулмаҳмадзода дар палатаи болоии парлумон Ҳакимзода Қурбон гардад, ки бо фармони раисиҷумҳур ӯро дар мақоми раиси вилояти Хатлон иваз кард.

Лентаи хабарҳо
0