ВУД Тоҷикистон: Ашуров Алиҷон аз сӯи кормандони милитсия лату кӯб нашуд

© Sputnik / Амир ИсаевМилиционеры в Душанбе, архивное фото
Милиционеры в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабари шиканҷаи шаҳрванд Ашуров Алиҷон Нуруллоевичро, ки гӯё аз аз ҷониби кормандони ВУД лату кӯб шудааст рад кард

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар як изҳороташ, ки ахзиран дар сомонаи расмиаш ба чоп расидааст, эълон намуд, ки  Ашуров Алиҷон Нуруллоевич, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки гӯё аз тарафи кормандони милитсия лату кӯб шуда буд, асос надорад.

Хуршед Азизов, муттаҳам дар латукӯби духтари 23-сола дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Хуршед Азизов: арӯсамро даъват кардам- омад, гапамон гурехт - лату кӯб кардам - Навор

“Дар расонаҳои иҷтимоии интернетӣ хабаре паҳн гаштааст, ки гӯё аз ҷониби кормандони ВКД шаҳрванд Ашуров Алиҷон Нуруллоевич, сокини ноҳияи Рӯдакӣ лату кӯб шуда бошад, вале ин хабар ба ҳақиқат наздикӣ надорад”, - таъкид намудааст ВУД Тоҷикистон. 

Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи 4-уми январи соли равон аз тарафи Ситоди ягонаи ҷумҳуриявии Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати Ашуров Алиҷон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 401 иловаи 1, (ҷалби шаҳрвандони ҶТ ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухурди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо) 187 қисми 2 (иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ) ва 179 иловаи 2 қисми 2, банди “а” (маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.

Манбаъ қайд намудааст, ки Ашуров Алиҷон санаи 4-уми январи ва 7-уми январи соли равон аз муоинаи тиббӣ-судӣ, ки онро эксперти тиббӣ-судии собиқаи кории зиёда аз 40-сола дорад, гузаронида дар бадани ӯ ягон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дида нашудааст.

Министр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Фармони Раҳимзодаву маълум шудани шахсияти зани латтукӯбшуда аз ҷониби милиса: шарҳи ВУД

“Ҳамзамон санаи 4-уми январи соли 2019 дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббӣ Ашуров Алиҷон аз шаҳодатгардонии тиббии дастгиршудагон гузаронида шуда, дар бадани номбурда ягон ҷароҳати ҷисмонӣ ё ин ки осеби гирифташуда дар баданаш дида нашудааст”, - гуфт манбаъ.

ВУД Тоҷикистон қайд намудааст, ки ҳамаи ин муоинаҳои тиббӣ, дар санад ва протоколи муоинаи тиббӣ, ки аз тарафи эксперти тиббӣ-судӣ ва табиби муоинакунанда тартиб дода мешавад, дарҷ карда шудааст.

“Оид ба ҳолате, ки нисбати дастгиршуда Ашуров Алиҷон гӯё аз тарафи мақомоти таҳқиқ ва тафтишот шиканҷа раво дида шудааст, дар рафти санҷиши маводҳо аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи худро наёфт”, - афзуд манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0