Хуршед Азизов: арӯсамро даъват кардам- омад, гапамон гурехт - лату кӯб кардам - Навор

© дафтари матбуоти РВУД ДушанбеХуршед Азизов, муттаҳам дар латукӯби духтари 23-сола дар Душанбе
Хуршед Азизов, муттаҳам дар латукӯби духтари 23-сола дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷавон мегӯяд, ки Малика "арӯсаш" аст ва худаш ӯро даъват карда буд, ки ба назди тарабхонаи "Галакси" ояд. Аммо вақте духтар меояд, онҳо ҷанҷол мекунанд ва Хуршед ӯро мезанад ва ба мошин андохта мебарад

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар барномаи "Сипар" ҳодисаи боздошти Хуршед Азизовро, ки ҳафтаи охир "қаҳрамон"-и шабакаҳои иҷтимоӣ аст, шарҳ додааст.

Ёдрас мешавем, номи Хуршед ва Малика - ду ҷавони тоҷик, пас аз пахши як навори лату кӯби бераҳмона расонаӣ шуд. Дар он ҷавоне духтареро шадидан лату кӯб мекард ва ба мошин меандохт.

Дертар маълум шуд, ки ҷавон Хуршед Азизов ном сокини Душанбе аст ва баъди лату кӯби духтари "шиносаш", ки худ "арӯсам" мегӯяд, боздошт шуд. Сокинон ба ин навор вокуниши шадиде нишон доданд, аммо Малика Соҳибназарова ба хабарнигорон гуфт, ки намехоҳад Хуршедро зиндон кунанд ва агар кунанд, "ҳамроҳаш ба зиндон мешинад".

"Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ ва пурсиши гумонбар муайян карда шуд, ки дастгиршуда Азизов Хуршед Абдунаимович , соли таваллудаш 1996, истиқоматкунандаи ноҳияи Зарафшони шаҳри Душанбе буда, 1 марти соли ҷорӣ, тахминан соатҳои 6 бо мақсади содир кардани ҷинояти авбошӣ, ҳангоми дар назди тарабхонаи "Галакси" қарор доштанаш, ба шаҳрванд Соҳибназарова Малика, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Душанбе, ки бо ҳам шинос буданд, дарафтода, ӯро бо тариқи зӯроварӣ ба бағочи мошин бор намуда, мавриди лату кӯби шадид қарор додааст", - тавзеҳ медиҳад ВУД Тоҷикистон.

Азизов низ ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кирдори содиркардаашро шарҳ додааст. Вай мегӯяд, ки Малика "арӯсаш" буд ва худаш духтарро ба назди тарабхона даъват карду дар пайи нофаҳмие лату кӯб намуд ва ба мошин андохт.

"Соатҳои 2:30-и шаб буд, ки омадем ва дар ҳамин ҷо (тарабхонаи "Галакси") шиштем, соат 4-4:30-и субҳ гузашта буд, ки арӯсам занг зад ва пурсид, ки дар куҷоӣ. Гуфтам, дар ҳамин ҷо ва ба назди ҳамин бино биё. Вай омад ва гапҳомон гурехт, лату кӯб карда, дар мошин бор карда бурдам", - мегӯяд Хуршед.

Пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ овозае паҳн шуда буд, ки барои даъво надоштани Малика, ҷавонро озод карданд.

Аммо ВУД мегӯяд, нисбати Хуршед бо моддаи 237, қисми 2 (авбошӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад ва ҷавон дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Ин моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0