ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон қазияи аз ҷониби корманди милиса латтукӯб шудани як занро дар маркази шаҳри Душанбе дар рӯзи таҷлили Наврӯз, 21 март шарҳ додааст.
Ёдрас мешавем, пештар дар Фейсбук корбарон навореро паҳн карданд, ки дар он марде бо либоси милиса занеро латтукӯб мекард.
Бино бар иттилои манбаъ, пас аз дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудани навори латтукӯби зан, вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода фавран санҷиши хизматӣ таъин кардааст.
"Шахсиятҳои дар навор буда маълум карда шуданд, ки инҳо корманди бозрасии хадамоти роҳбонӣ-пайраҳадории Воҳиди махсуси ВКД, старшина Сатторов Сафарбек Махмадсаидович ва сокини ноҳияи Рудакӣ, ҷамоати деҳоти Роҳатӣ, деҳаи Охчакман Шамсова Мадина Муқимҷоновна соли таваллудаш 1986 мебошанд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.
ВУД таъкид кардааст, ки вобаста ба ҳолати бавуқуъомада корҳои санҷишӣ идома дошта, нисбати шахси гунаҳкор чораҳои қатъӣ андешида мешавад.
Пештар хабар дода шуд, ки Сафарбек Сатторов, маъмури “Воҳиди махсус”-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон будааст.
“Воҳиди махсус” ниҳоди хоси ВУД Тоҷикистон мебошад, ки ба таъмини амнияти ҳаракати раисиҷумҳури Тоҷикистон ва меҳмонони олимақом машғул буда, маъмурини он асосан дар роҳҳои маркази Душанбе адои хидмат мекунанд.
Сатторов зимни бозпурсӣ изҳор доштааст, ин зан дар кӯча фарёд мекард. Маъмури милиса тавзеҳ додааст, ки ҳангоме хост, занро ором кунад, ин зан вайро задааст. Дар натиҷа Сатторов оташин шуда, сари хашм занро кӯфтааст.
Расонаҳои Тоҷикистон аз қавли ВУД афзуданд, ки зоҳиран зан бемори руҳӣ буда, феълан барои ташхис равона шудааст.