Таҷлили Наврӯз дар шаҳри Хоруғ

© Фото : Аз саҳифаи Нилуфар АсламшоеваНаврӯз дар Хоруғ
Наврӯз дар Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокинони шаҳри Хоруғ, маҳмонону сайёҳон аз гӯшаву канори кишвар ва берун аз он ҷашни Наврӯзро дар майдони марказии ба номи Исмоили Сомонӣ истиқбол гирифтанд.

ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik.  Субҳи барвақт хурду калон ба хиёбони марказии ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, ки хеле зебо ороиш ёфта буд, баромада, ҳамдигарро бо фарорасии  ин иди бостонӣ табрик менамуданд, хабар медиҳад  АМИТ Ховар.

Духтарон ба китфи меҳмононе, ки вориди  майдон мешуданд, ба нияти оромию осудагӣ ва серию фаровонӣ орд мепошиданд. Дар гӯшаи дигари майдон ба меҳмонон таомҳои миллию маҳсулоти дастии ҳунармандони маҳаллӣ пешкаш мегардид. Гирдогирди майдонро сарояндагону раққосон ҳалқапеч намуда, базми наврӯзӣ барпо намуданд.

Празднование Навруза  - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, Рустам Эмомалӣ ва 24 ҳазор нафар дар "Наврӯзӣ"-и Душанбе

Ширкаткунандагони ҷашнро намояндаи президент Муҳиддин Пайшанбезода ва ҷонишини раиси ВМКБ Назира Амирбекзода бо ҷашни инсону табиат табрик гуфтанд.
Дар майдони асосӣ бозиҳои гуногуни хушҳолкунанда сурат гирифта, ҳунармандон ба иштирокдорони ҷашн нуқлу наво, ғизоҳои болаззат ва инчунин беҳтарин намунаҳои корҳои дастиро пешниҳод карданд.

Як гурӯҳи донишҷӯён аз кишвари ҳамсояи Афғонистон, ки дар  Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ таҳсил мекунанд ва бори аввал дар ҷашни Наврӯзи Тоҷикистон ширкат доштанд, изҳор намуданд, ки «бо чунин шаҳомату зебоӣ бори аввал Наврӯзро истиқбол мегиранд. Орзу дорем, ки рӯзе мардуми мо ҳам мисли бародарони тоҷики худ ин ҷашнро дар чунин фазои орому фарҳбахш пешвоз гиранд. Таманно мекунем, ки ҳар рӯзи  халқи тоҷик мисли Наврӯз бошад».

Баъди барномаи адабӣ -мусиқӣ бозиҳои варзишӣ баргузор гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0