Эмомалӣ Раҳмон, Рустам Эмомалӣ ва 24 ҳазор нафар дар "Наврӯзӣ"-и Душанбе

Обуна шудан
Беш аз 24 ҳазор нафар анъанаҳои ҷашни бостонии миллати тоҷик Наврӯзро дар майдони "Дӯстӣ"-и пойтахт намоиш доданд.

ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputnik. Имрӯз, 21 марти соли 2019 бо ширкати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе ба муносибати Наврӯз “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” баргузор гардид.

Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмонро иштирокчиёни «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” бо самимияти беандоза пешвоз гирифтанд, омадааст дар хабарнома.

Нахуст, Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, кулли иштирокчиён ва мардуми Тоҷикистонро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик кард.

“Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” дар маҷмӯъ аз 13 бахши мухталифи фарҳангию фароғатӣ, аз ҷумла “Рамзи наврӯзӣ”, “Паёмоварони баҳор”, “Омадани баҳор”, “Маросими гулгардонӣ”, “Маросими суманакпазӣ”, “Маросими ҷуфтбаророн”, “Модар — рамзи абадият”, “Сайри об” ва ғайра иборат буд.

"Дар “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” дар маҷмӯъ зиёда аз 24 ҳазор нафар иштирок карда, бо ташкили бахшҳои мухталиф ҳамаи анъанаҳои ҷашни бостонии миллати куҳантамаддуни тоҷикро намоиш доданд".

Выступление Эмомали Рахмона на главной площади в Душанбе по случаю празднования Навруза - Sputnik Тоҷикистон
Табрикоти Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро ба ҷашни “Соли нави аҷдодӣ”

Бахши аввали “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” аз “Сароғоз” шурӯъ гардид, ки дар ин бахш иштирокчиён бо намоиши конструксияҳои бузурги “Дарвозаи зинда” ва рамзи ”Оташ” вориди майдон шуданд.

Бахши дигари ин барномаи бошукӯҳи идона рамзи Наврӯзи “Тахти Ҷамшед” буда, ки аз таърихи бостонӣ доштани Наврўз шаҳодат медод.

Дигар расму суннатҳои хоси наврӯзӣ, аз қабили “Паёмоварони баҳор” турнаҳо, парастуҳо, шабпаракҳо аз омадани баҳор мужда мерасонанд, ки дар барномаи “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” ҷой дода шуданд.

“Омадани Баҳор” бахши дигари барномаи наврӯзӣ буда, дар он надимони “Баҳор” рақси фариштаро иҷро карда, ба ин чорабинӣ шаҳомати хосса зам намуданд.

Бахши “Маросими гулгардонӣ” ҳам инъикосгари суннатҳои неки наврӯзӣ мебошад, ки дар гузашта кӯдакону наврасон бо иҷрои гулгардонӣ ба ҳамагон аз омадани Наврӯз хабар мерасонданд.

Дар Душанбе “Корвони шодиёнаи Наврӯзӣ" баргузор гардид

Ҷой додани “Маросими суманакпазӣ” ва “Ҳафтхони наврӯзӣ” дар “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” худ шаҳодати дубора эҳё кардани хӯрокҳои миллӣ ва расму оинҳои халқӣ мебошад.

“Маросими ҷуфтбаророн” ва ниҳолшинонӣ, ки анъанаҳои ниёгонро бозгӯ менамояд, дар шакли бадеӣ намоиш дода шуд.

Иштирокчиёни бахшҳои “Ашагулон” дар атрофи ороишоти сохтаи таблаки бузург, “Сайри об” дар атрофи рамзи бузурги “Аноҳито”, “Варзиши шодиёна”, “Модар — рамзи абадият” бо намунаи сохтаи бузурги “Модар бо гаҳвора” ва антуражи рақсӣ ба майдон ворид шуданд. Бояд таъкид кард, ки ҳар як бахш тамошобинонро бо таърих ва расму суннатҳои Наврӯз шинос менамояд.

Праздник плова в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Дар Маскав дар ҷашни Наврӯз се тон оши палав мепазанд

Қисмати муҳими “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ”-ро ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сару либос ва таомҳои болаззати тоҷикӣ ташкил медод. Дар бахши ҳунарҳои мардумӣ чор ноҳияи шаҳри Душанбе бо 32 мошини ороишдодашуда ва иштирокчиён ба тан либосҳои гуногуни миллӣ иштирок карданд. Ҳунармандон ва ҳаваскорон дар ин бахш  бори дигар фарҳанги оламшумули миллати тоҷикро бо нишон додани намунаи сару либосҳои миллӣ ва таомҳои халқӣ ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

Раисҷумҳур беш аз 2 ҳазор зиндониро авф кард: ба муносибати Наврӯз

Дар бахши “Шодии наврӯзӣ” 2500 нафар иштирокчӣ маросими тӯйи домоду арӯсии минтақаҳои кишварро бо суруду рақсҳои ҷолиб намоиш доданд, ки ин ҳам ҷузъе аз фарҳанги миллати фарҳандӯсти тоҷикро фаро мегирад.

Суннатҳои неки наврӯзӣ, ки дар ҳама минтақаҳои кишвар ба онҳо арҷ гузошта мешаванд, дар ин чорабинӣ таҷассуми худро ёфта буд.

Бояд таъкид намуд, ки “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” дар пойтахт- шаҳри Душанбе бори нахуст ташкил карда шуда, дар доираи он ширинкорон ва дорбозон бо пешниҳоди намоишҳои ҷолиб  хотири иштирокдоронро болида гардониданд.

Лентаи хабарҳо
0