ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Ҳукумати маҳаллии ВМКБ Тоҷикистон, бо нашри як иттилоия мавқеашро дар мавриди иддаое, ки дар мактуби Кумитаи дин зикр шудааст, баён дошт. Кумитаи дини Тоҷикистон дар мактуб бо такя ба мақомоти қудратии кишвар изҳор дошта буд, ки гӯиё "Анҷумани тариқаи исмоилӣ ва таълимоти динӣ” (ITREB) дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо баҳонаи дарсҳои забони хориҷӣ таълимоти мазҳаби шиаи имомии исмоилиро ба роҳ мондааст. Аммо ҳукумати ВМКБ дар пайи таҳқиқ ин иддаоро рад карда, бандҳои дигари мактубро низ шарҳ додааст.
Sputnik Тоҷикистон шарҳи ҳукумати маҳаллии ВМКБ-ро дар бораи мактуби Кумитаи дини Тоҷикистон, ки бо такя ба иттилои мақомоти қудратӣ таҳия шудаасту боиси норозигии бархе аз шаҳрвандон гардид, бидуни тағйир пешниҳоди хонандаҳо мекунад:
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мактуби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо сабабҳои номаълум дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта буду боиси норозигии бархе аз сокинони Бадахшон гардид, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои бартараф намудани камбудиҳои дар он дарҷёфта дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд.
Масъалаи аввале, ки дар мактуб зикр шудааст, ин аз тарафи Анҷумани тариқаи исмоилӣ ва таълимоти динӣ бо баҳонаи дарсҳои англисӣ дар муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят ба роҳ мондани таълимоти мазҳаби шиаи имомии исмоилӣ мебошад ва он аз ҷониби масъулини соҳа ва аъзоёни гурӯҳ дар давоми як ҳафта мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Маълум гардид, ки дар муассисаҳои таълимии номбурда дарси забони англисӣ фақат дар доираи барномаҳои давлатӣ таълим дода шуда, аз ҷониби ягон ташкилоти ғайридавлатӣ ё динӣ, аз ҷумла Анҷумани тариқаи исмоилӣ ва таълимоти динӣ тадриси он роҳандозӣ карда нашудааст.
Дарси "Ахлоқ ва маърифат"
Дар баробари ин, мавриди зикр аст, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин ташкилоти динии исмоилӣ бо номи Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии исмоилии шаҳри Хоруғ 20 марти соли 2014 №132 дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузашта, то ҳоло фаъолият карда истодааст, ки Анҷумани тариқаи исмоилӣ ва таълимоти динӣ як сохтори таркибии он маҳсуб меёбад. Дар доираи салоҳиятҳои оинномавии Кумитаи рушди ҷамоаатхонаҳо Анҷумани таълимоти мазҳабӣ аслан ба омӯзиши забони хориҷӣ машғул набуда, балки дарсеро бо номи “Ахлоқ ва маърифат” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сарпарастӣ мекунад, ки он дар ҳақиқат дар мактабҳои таҳсилоти ибтидоӣ, асосӣ ва умумӣ берун аз барномаи давлатӣ гузаронида мешавад. Таълими фанни мазкур бо розигии Вазорати Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 1994 №4\197 ва Қарори раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 3 июли соли 1997 №111 ҷиҳати арзиши маънавӣ, тарбиявӣ ва ахлоқӣ доштанаш бо розигии волидайн дар мактабҳо берун аз нақшаи таълимии давлатӣ иҷозат дода шудааст. Маводи таълимии фанни “Ахлоқ ва маърифат” хусусияти иттилоотӣ- маърифатӣ дошта, ҷанбаи ибодатӣ ва расму оинҳои диниро доро намебошад.
Ҳадафи умумии барнома омӯзиши таърихи ислом ва фарҳанги мусулмонон ва бархӯрди ахлоқӣ дар ҷомеа буда, кӯшиш шудааст, ки таълим ва тарбияи динӣ ва дунявӣ бо ҳам яксон бошанд, то мувозинаро байни ҷанбаҳои моддӣ ва маънавии зиндагӣ ташвиқ намояд. Маводҳои таълимии ин фан, ки 39 номгӯй адабиёти таълимиро фарогиранд, 30 сентябри соли 2011 дар Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хулосаи №322 аз ташхиси давлатӣ гузашта, тибқи хулосаи мазкур истифобарии он мақбул дониста шуда, иҷозат додани таълими ин фан дар мактабҳо мутааллиқ ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ шудааст.
Таълими ин фан аз он ҷиҳат муфид дониста шудааст, ки шомилшавии наврасону ҷавонони вилоятро ба гурӯҳу равияҳои ифротӣ ва экстремистиву террористӣ пешгирӣ мекунад.
Навиштаҷот дар бораи Оғохони IV
Масъалаи дуввум- навиштаҷот бо чароғакҳои равшанидиҳанда дар бораи Ҳозиримом Оғохони IV дар ҳақиқат ҷой дошта, барои бартараф кардани онҳо пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда мешаванд. Дар натиҷа дар ҳамаи ноҳияҳои вилоят онҳо бартараф карда шуда, фақат дар шаҳри Хоруғ миқдори ками онҳо боқӣ мондааст.
Қобили зикр аст, ки насб кардани чунин аёниятҳо кори Анҷумани тариқаи исмоилӣ ва таълимоти динӣ ё тамоми мардуми вилоят набуда, амали ашхоси каме, ки бо гурӯҳҳои ҷиноятӣ ҳамкорӣ доранд, мебошад. Ин гурӯҳҳо аз озодии мазҳаб ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат истифода бурда, элементҳои мазҳабиро ба манфиатҳои ғаразноки худ ба кӯҳу пушта баровардаанд. Ин амали онҳо хилофи таълимоти мазҳаби исмоилия ва бахусус Ҳозиримом буда, ба иршодоти ӯ рабте надорад. Инчунин навиштаҷоти мазкур ғайри қобили қабул буда, бартарияти мазҳаби шиаи имомии исмоилӣ ва Оғохон нисбат ба Пешвои миллатро ифода карда наметавонад.
Оид ба ҳалли ин масъала аз ҷониби Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии исмоилӣ ва масъулини соҳа дар байни аҳолӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ амалӣ шуда, натиҷаҳои самарабахш ба даст омаданд, вале барои пурра решакан кардани он дар шаҳри Хоруғ дахолати мақомоти қудратӣ лозим аст, зеро он ба гурӯҳи ҷинояткорон марбут мебошад.
Зимни вохӯрӣ бо аҳолии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят вобаста ба ин масъала, кулли мардум, аз ҷумла ҷамоати исмоилии вилоят чунин амалҳои нописанди ин ашхоси кучакро маҳкум карда, изҳор доштанд, ки ҳамеша ҷонибдори сиёсати ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ҳастанд ва хоҳанд монд. Зеро дар баробари аз вартаи нобудӣ наҷот додани миллату Ватан, маҳз бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат исмоилиёни Тоҷикистон аввалин бор тавонистанд бо роҳбари мазҳабии худ робита барқарор намоянд. Аз ҷониби дигар, таваҷҷӯҳи Пешвои миллат ба Бадахшон хеле зиёд буда, аз ин ҷиҳат мардуми ин сарзамин ӯро хеле дӯст медоранд. Бародарӣ ва ҳамкории Пешвои миллат бо Аълоҳазрат Оғохони IV ин муҳаббати мардумро бар Пешвои миллат дучанд карда, дӯстии байни пайравони мазҳаби ҳанафия ва исмоилияи кишварро таҳким бахшидааст. Аксарияти мардуми вилоят дар ҳама ҷанбаҳои зиндагонӣ самараи истиқлолият ва сиёсати хирадмандонаи ин давлату ҳукуматро мешиносад ва қадрдонӣ менамояд.
Мактуби Кумитаи дини Тоҷикистон
Ин шарҳи ҳукумати ВМКБ дар ҳоле ироа шуд, ки ахиран мактуби Кумитаи дини Тоҷикистон, зери имзои муовини раиси Кумита, Фаррухулло Олимзода ба интернет роҳ ёфт. Дар ин мактуб ба мақомоти ВМКБ бо такя ба маълумоти мақомоти қудратии кишвар таъкид шудааст, ки гӯиё "Анҷумани тариқаи исмоилӣ ва таълимоти динӣ” (ITREB) дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо баҳонаи дарсҳои забони хориҷӣ таълимоти мазҳаби шиаи имомии исмоилиро ба роҳ мондааст.
“Ҳамзамон навиштаҷоти "Хуш омадӣ, Имоми мо, ҷашни алмосӣ муборак” ва "Мо имоми худро дӯст дорем”, ки бо чароғакҳои ранга шабона равшан мешаванд, бартарияти мазҳаби шиаи имомии исмоилӣ ва Оғохон нисбат ба Пешвои миллат арзёбӣ гардидаанд. Бино бар ин, хоҳишмандем ҳолатҳои мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуда, барои бартараф намудани онҳо чораҳои қатъӣ андешида шаванд”, - омадааст дар мактуби Кумитаи дин.
Бархе аз сокинони ВМКБ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бандҳои ин мактубро дахолат ба умури мазҳабӣ ва хилофи Конститутсияи Тоҷикистон хонданд, ки озодиҳои динию мазҳабиро дар кишвар кафолат додааст.
Аксари аҳолии ВМКБ, пайрави мазҳаби исмоилия буда, Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV, 49-умин имоми исмоилиён мебошад. Бархе аз сокинони ВМКБ мегӯянд, маҳбубияте, ки пайравони исмоилия ба пешвои руҳонии худ доранд, набояд мояи нигаронӣ бошад ва даст задан ба ин масоил метавонад, ихтилофбарангез гардад.