Оғози Довталаб -2019 бо 2 навгонӣ: дохилшавӣ ба “ДОМ”-и Оқохон низ тариқи МТС мешавад

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ
Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази миллии тестии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, ки аз 1‑уми марти соли 2019 бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2019 оғоз ёфт

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Тибқи иттилоияи Маркази миллии тестӣ, марҳалаи асосии бақайдгирӣ то 15-уми апрел идома меёбад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми ифтитоҳи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон гуфт, "ДОМ"-и Оқохон бо ташаббуси Ҳукумат сохта шуд: суҳбат аз қонун то имтиёзҳо

Манбаъ афзуд, ки дар 31 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 36 нуқтаи доимии бақайдгирӣ, дар 26 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил карда шудааст ва довталаб ҳаққи интихоби то 12 ихтисосро дорад.

Ин ниҳод афзуд, ки соли ҷорӣ ба низоми имтиҳони марказонидаи дохилшавӣ,  як муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ -Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва 15 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии дигар дохил гардид.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ки ба феҳрасти донишгоҳҳои Маркази миллии тестӣ шомил шудааст, аз ҷониби Бунёди Оқохон дар Хоруғ сохта шуда, соли гузашта аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

Эмомалӣ Раҳмон, зимни ифтитоҳи донишгоҳи мазкур гуфт, нақшаҳои таълимии донишгоҳ тибқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон бо дарназардошти фанҳои ҳатмии миллӣ таҳия гардида, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар тасдиқ карда шудаанд.

Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мушкил ҳал шуд: Нуриддин Саид созишнома бо "ДОМ" - и Оқохонро ба имзо расонд

"Дар донишгоҳ, ҳамчунин, барои ятимони кулл ва маъюбони гурӯҳҳои якуму дуюм, ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ имтиёзҳо муқаррар шудаанд", — иттилоъ додааст Эмомалӣ Раҳмон.

Тибқи иттилои ММТ, имсол ба воситаи низоми ИМД ба 35 муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва 63 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ донишҷӯён қабул карда мешаванд.

Манбаъ навгонии дигарро дар он гуфт, ки қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар асоси таҳсилоти умумии асосӣ низ роҳандозӣ шуд, хатмкунандагони синфи 9 ҳаққи интихоби то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро аз коллеҷҳо доранд.

МТС таъкид кард, ки арзиши  хизматрасонӣ, 250 сомонӣ – барои довталабоне, ки таҳсилоти миёнаи умумӣ ё миёнаи касбӣ доранд ва 160 сомонӣ – барои довталабоне, ки таҳсилоти умумии асосӣ доранд.

Ин ниҳод афзуд, ки соли ҷорӣ дар 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ- Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда мешавад ва довталаб метавонад, ки якеро интихоб намояд.

Лентаи хабарҳо
0