Кумита: аз муносибатҳои хуби раисҷумҳур ва Оқохон тамоми мардуми Бадахшон огоҳанд

© AKDNАга-хан и президент Таджикистана Рахмон посетили место будущего Шуробадского моста, где состоялась церемония закладки фундамента, архивное фото
Ага-хан и президент Таджикистана Рахмон посетили место будущего Шуробадского моста, где состоялась церемония закладки фундамента, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи дини Тоҷикистон гуфтааст, ки гумонҳои мухолифин дар бораи "худдории ҳукумат аз гузарондани амалиёти низомӣ дар Бадахшон, натиҷаи талоши Оқохон" ҳангомасозие беш нест. Коршиноси кумита гуфтааст, мушкили Бадахшон дохилист ва дар доираи умури дохилӣ ҳал хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 01 ноя — Sputnik. Дар вебгоҳи Кумитаи дини Тоҷикистон маводе зери унвони "Ҳангомасозии навбатӣ дар масъалаи Бадахшон" мунташир шудааст, ки дар он Фаридун Ориёӣ ном коршинос маводеро аз сомонаи "Кимиёи саодат" зери унвони "Баъид нест худдории ҳукумат аз гузарондани амалиёти низомӣ дар Бадахшон, натиҷаи талоши Оқохон бошад" таҳлил мекунад.

Ин коршинос дар 7 банд маводи вебгоҳи "Кимиёи саодат"-ро таҳлил карда, қариб ба ҳамаи онҳо посухи раддия додааст.

Дар банди панҷуми посухи Кумитаи дин гуфта мешавад, ки муаллифони мақолаи "Баъид нест худдории ҳукумат аз гузарондани амалиёти низомӣ дар Бадахшон, натиҷаи талоши Оқохон бошад" аз номи пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, Оқохони IV, имоми 49-уми исмоилиён  "баҳудаю беҳуда истифода мебаранд".

"Ҳол он ки аълоҳазрат Оқохон ба ин мушкили дохилӣ, аслан чӣ рабте дорад? Пойи аълоҳазрат Оқохонро васати масъала кашидан дар доираи манофеи гурӯҳҳои иғвогар меғунҷад, зеро ки онҳо мехоҳанд, аз ин навъи мушкили муқаррарии дохилӣ сӯйистифода намоянд ва тавтеаҳои нав ба нав дуруст кунанд", - гуфта мешавад дар он.

Муаллифи мақола изҳор доштааст, ки муносибатҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, Оқохони IV хуб ва устувор аст.

"Аз муносиботи хуби Сарвари давлати Тоҷикистон ва аълоҳазрат Оқохон тамоми мардуми Бадахшон огоҳ аст ва пояҳои муносибот дар тӯли солҳои дароз устувортар шудааст. Пешвои исмоилиёни ҷаҳон кори дигар надорад, ки ба ҳар гуна қазияи росту дурӯғ дахл кунад ва вақти қиматашро барҳадар бидиҳад. Ташриф наовардани ӯро ба минтақа нишони эътироз донистан иштибоҳе беш нест", - афзудааст муаллиф.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша ба ин симои бузурги сиёсию фарҳангӣ арҷ мегузорад ва иқдомотеро, ки солҳои тӯлонӣ дар Бадахшон пиёда кардааст, ҳаргиз фаромӯш намекунад, афзудааст манбаъ.

Дар анҷом Фаридун Ориёӣ  навиштааст, ки "мушкили ҷинояткорони Бадахшон мушкили дохилист ва дар доираи умури дохилӣ ва маҳаллӣ ба таври тадриҷӣ ҳал хоҳад шуд".

Ёдрас мешавем, мавзӯи вазъи Бадахшон пас аз сафари раисҷумҳур ба вилоят ва интиқодаш аз  қонуншиканӣ дар бархе аз навоҳии он сархатти хабарҳову баҳсҳо гашт.

"Ҳазор нафар дар шаҳри Хоруғ соҳиби нақлиёт бошад, 27 ҳазори дигар бенақлиёт аст. Чӣ, онҳоро пахш карда мегузаранд? Ҳуқуқи онҳо, озодии онҳо, амнияти онҳо чӣ мешавад?", — суол гузошта буд Эмомалӣ Раҳмон

Ӯ афзуд, давлат дар асоси Конститутсия вазифадор аст, ки амнияти шаҳрвандонро, тартиботи ҷамъиятиро таъмин намояд ва аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла кормандони БДА хост, вазифаҳои хидматияшонро иҷро кунанду тартибот дар роҳро таъмин намоянд.

Лентаи хабарҳо
0