ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Бар асари ҳодисаҳои нохуши ноқлиётӣ ду нафар ҷон бохта дуи дигар бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона қарор доранд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Дирӯз тахминан соатҳои 16:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Раҳмонов Абдуллобек Шамсуллоевич, соли таваллудаш 1988, сокини кӯчаи А.Қаҳҳорови пойтахт, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Машъал ба самти кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе, дар рӯ ба рӯи бинои чойхонаи “Амира”, пиёдагарди шахсияташ номаълум, ҷинсаш зан, тахминан 30-35 соларо зада аз пой меафтонад.
Ҳангоми рух додани чунин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ, мутаассифона ҷабрдида аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш дар роҳ ба ҳалокат мерасад.
Ҳамчунин, 12 март, тахминан соатҳои 12:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Азимов Азим Наимович, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе,
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи “Опел-Астра”, Тошова Мавҷуда Нарзуллоевна, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Деваштич ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофирони дигари автомашинаи мазкур Иброҳимов Рустам Солеҳович, соли таваллудаш 1975, сокини шаҳри Истаравшан, Бобоев Умедҷон Нарзуллоевич, соли таваллудаш 2004, сокини н.Деваштич, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона қарор доранд.
Таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.