ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ронанда, Каримзода Эраҷи Тоҳирӣ, соли таваллудаш 1991 наздикии шаҳраки Роҳатӣ пиёдагард Қаюмова Меҳриниссо, соли таваллудаш 1950 пахш намудааст, ки дар натиҷа ба ҳалокат расидааст.
Тибқи маълумоти манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 21-уми феврали соли равон, тахминан соатҳои 18:30-дақиқа рух додааст.
“Ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Каримзода Эраҷи Тоҳирӣ, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти ш.Душанбе ба самти ш.Норак дар 20-километри роҳи мошингарди шаҳраки Роҳатӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Қаюмова Меҳриниссо, соли таваллудаш 1950, сокини шаҳри Ваҳдатро, ки аз роҳ мегузашт, пахш намудааст”, - хабар додааст ВУД Тоҷикистон.
Манбаъ таъкид намудааст, ки дар натиҷаи ҳодисаи мазкур Қаюмова Меҳриниссо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи шаҳри Ваҳдат нисбати ҳодиса мазкур таҳқиқотро идома доранд.