Дар се садамаи нақлиётӣ 4 ронанда ба ҳалокат расидааст

© Pixabay / ДТППоврежденный в результате ДТП автомобиль, архивное фото
Поврежденный в результате ДТП автомобиль, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар садамаҳои нақлиётие, ки дар шаҳри Ҳисор, Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯх додааст чаҳор нафар ронанда ҷони худро аз даст доданд

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik.  Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар садамаҳои маргбор дар минтақаҳои гуногуни кишвар чаҳор ронанда ҷони худро аз даст доданд.

Дорога в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Марг дар пеши хона: донишҷӯи “Лексус”-савор ҷавонзанро дар маркази Душанбе зер кард

Тибқи иттилои манбаъ, рӯзи 13-уми январи соли равон, тахминан соати 22:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи “Опел-Астра”, Ибодов Муҳсиддин, сокини деҳаи Афғонободи шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Ф.Абдулло ба самти маркази шаҳри Ҳисор аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи Ғаниев Темур, сокини шаҳри Ҳисор, бархурдааст. 

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Ғаниев Т.Р. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст. 

Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи 14-уми январи соли равон, тахминан соати 00:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, Қаҳҳоров Абдуҷаббор, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи М.Рустамови ҷамоати деҳоти Ғозиён, аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, ба дарахти канори роҳ бархурда, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Снегопад затруднил движение на трассе Душанбе-Чанок - Sputnik Тоҷикистон
Боз як садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ

Инчунин, худи ҳамон рӯз тахминан соати 03:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хонда”, Рауфов Ҷаҳонгир, соли таваллудаш 1977, сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди “Б.Ғафуров-Конибодом”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Ауди”, таҳти идораи ронанда, Латифов Абдурауф, соли таваллудаш 1972, сокини шаҳри Исфара, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаҳои автомашинаҳо Рауфов Ҷ. ва Латифов А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд. 

командони милитсия аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқотро идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0