Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон насиби кӣ мегардад?

© Sputnik / Игорь ЛекаркинЗдание Академии наук Таджикистана, архивное фото
Здание Академии наук Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Академияи илмҳои Тоҷикистон маротибаи шашум аст, ки олимпиадаи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриро барои дарёфти “Ҷом” баргузор менамояд

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Рузҳои 13 -15 марти соли 2019 дар Академияи илмҳо даври ниҳоии Олимпиадаи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор мегардад, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ин ниҳод.

Фазои атрофи кураи замин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Маҷаллаи “Илм ва Ҷомеаи” Академияи улуми Тоҷикистон ба нашр мерасад

Манбаъ афзудааст, ки Академияи илмҳои Тоҷикистон маротибаи 6-ум аст, ки Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриро барои дарёфти “Ҷоми Академияи илмҳои Тоҷикистон” баргузор менамояд.

Мақсади асосии баргузории Олимпиадаи мазкур, пеш аз ҳама - ин баланд бардоштани шавқу завқи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба омӯзиши илмҳои муосир, ташаккули тафаккури илмию техникӣ, бедор намудани шавқу завқи онҳо доир ба ҳалли масъалаҳои мураккаби илмӣ, озодона баён намудани фикр, инкишофи қобилияти эҷодӣ, истифодаи комёбиҳои соҳаҳои гуногуни илму техникаи муосир ва инчунин, муайян намудани донишҷӯёни лаёқатманд, бо мақсади дар оянда ҷалби онҳо ба соҳаҳои мухталифи илм ва гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ мебошад.

Тибқи талаботи Низомнома олимпиада барои дарёфти “Ҷоми Академияи илмҳои Тоҷикистон”, аз рӯи 13 соҳаи илм (математика, физика, астрономия, химия, геология, биология, иқтисодиёт, технологияҳои иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таърих, фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ) гузаронида мешавад. Дар он донишҷӯёни зинаи бакалавр ва мутахассиси курсҳои 1–5-уми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ иштирок карда метавонанд.

Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Сайдмукаррам Абдулқодирзода - Sputnik Тоҷикистон
Абдулқодирзода: мо барои он хору залил шудем, ки аз илм рӯ гардонидем

Даври якуми Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти Ҷом дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ моҳи феврал баргузор гардида, 1 нафарӣ ғолибон аз ҳар як соҳаи илм барои иштирок дар даври ниҳоӣ, ки дар Академияи илмҳо баргузор мегардад, пешниход карда мешаванд.

 Даври ниҳоии Олимпиадаи мазкур 14 -15 марти соли 2019 дар Академияи илмҳо баргузор мегардад. Барои шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардидани он ҳайати ҳакамон аз ҳисоби олимони Академияи илмҳо таъсис дода шудааст, ки онҳо ба сатҳи донишандӯзӣ ва иҷрои корҳои амалии довталабон баҳогузорӣ менамоянд.

Тибқи Низомномаи Олимпиадаи мазкур барои ғолибон дар ҳар як соҳаи илм ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм муқаррар карда шудааст.

Бинои АУ ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
АУ дар Душанбе “Рӯзи илм”-ро таҷлил мекунад

Ғолибони ҷойи якуми Олимпиада бо “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Дипломи дараҷаи якум сарфароз гардонида мешаванд. Ғолибони ҷойҳои дуюм ва сеюми Олимпиада бо дипломҳои дараҷаи 2-юм ва 3-юм сарфароз гардонида мешаванд.

Ба иштирокчиёни фаъоли Олимпиада, ки дар самтҳои мухталифи илм ҷойҳои чорум ва панҷумро соҳиб гардиданд, бо “Ифтихорнома”-и Академияи илмҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

Ҳамчунин аз ҷониби роҳбарияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибони Олимпиада имтиёз дар намуди дохил шудан ба зинаҳои магистратура ва докторантура PhD дода мешавад.

Айни замон барои дарёфти “Ҷоми Академияи илмҳо” ҷиҳати иштирок дар даври ниҳоии Олимпиада аз ҷониби 27 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 239 нафар довталабон пешниҳод гардидаанд.

Лентаи хабарҳо
0