ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Бо ташаббуси президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Академияи илмҳои кишвар, академик Фарҳод Раҳимӣ маҷаллаи академии илмию оммавӣ бо номи "Илм ва Ҷомеа" бо қарори Раёсати АИ ҶТ аз таърихи 14 — уми сентябри соли 2015, таҳти рақами 80 таъсис дода шудааст.
"Ин маҷалла бо мақсади ташвиқу тарғиби дастовардҳои олимони АУ, ҷиҳати баланд бардоштани ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури техникии ҷомеа, нишон додани роҳҳои татбиқи дастовардҳои илмӣ дар иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маориф, фарҳанг ва мусоидат ба рушди илми ватанӣ нашр мегардад",- иброз дошт сухангӯи АУ ҶТ Шервони Умриддин.
Ба қавли ӯ, ҳадаф аз таъсис додани ин маҷалла нашри мақолаю маводҳои илмии олимону донишмандони тоҷик, бозтоби дастовардҳои илмии ҷаҳониён, ошкор кардани мушкилоти ҷаҳони муосир ва ба донишомӯзи ҷалб намудани ҷавонон, мусоидат кардан ба ҳалли мушкилоти мубрами Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон ба шумор меравад.
Маҷаллаи академии илмию оммавии "Илм ва Ҷомеа" 17 декабри соли 2015 аз тарафи Вазорати фарҳанг ба қайд гирифта шудааст ва дар як сол чор маротиба бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр хоҳад шуд.
Бо назардошти консепсияҳои ягонаи таҳқиқоти байнисоҳавӣ, мақолаҳо ва маводи маҷаллаи "Илм ва Ҷомеа" аз рӯи мавзуъҳои мубрами илм ва ҷомеаи муосир ба нӯҳ бахш гуруҳбандӣ гардидаанд: "Ҷаҳони муосир" ва "Ояндашиносии равандҳо ва хатарҳои ҷаҳони муосир", "Фалсафа ва назарияҳои байнисоҳавӣ", "Ҷаҳон аз нигоҳи дигар", "Маорифпарварӣ ва ҷаҳонбинии алтернативӣ", "Дастовардҳои илму техникаи муосир", "Маориф ва рушди инсон", "Бозёфтҳои ҷавонон", "Пажуҳиш дар адаб ва ҳунар" ва "Пешниҳодҳо ва эълонҳо" мебошанд.
Муассиси маҷалла Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармуҳаррири он доктори илмҳои фалсафа Ҳафиз Бобоёров аст.
Дар маҷалла мақолаҳои илмие ҷой меёбанд, ки ба як соҳаи таҳқиқотӣ маҳдуд набуда, балки хусусияти байнисоҳавӣ дошта бошанд.