ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон раиси пешини "Тоҷпромбонк" Ҷамшед Зиёев боздошт шуд, хабар медиҳад ТоҷикТА дар истинод ба як манбаи худ.
"Раиси пешини бонки тиҷоратиро шоми гузашта кормандони додситонии Душанбе боздошт кардад. Ҳоло вай дар боздошгоҳи муваққатии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт нигоҳ дошта мешавад",- гуфта мешавад дар хабар.
Зиёев дар додани қарзҳои ғайриқонунӣ, сарф ва азхудкунии пулҳои бонк муттаҳам мешавад.
Пештар хабар дода шуд, ки Зиёев ҳангоми идораи бонк пулҳои маблағгузоронро дар рушди тиҷорати шахсии худ истифода мебурдааст.
Мақомоти Тоҷикистон хабари боздошти Зиёевро тасдиқ накардаанд.
Ёдрас мешавем, охирҳои моҳи феврали соли равон Бонки миллии Тоҷикистон иҷзатномаи фаъолияти бонкро бозпас гирифта буд. Гуфта мешуд, "Тоҷпромбонк" натавонист ба муштариёни худ хидмат расонад.
Моҳи март ба қарори Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон рафти барҳамдиҳии маҷбурии бонк сар шуд, ки мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон метавонад то ду сол идома ёбад.