ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Мудири филиали "Тоҷпромбонк" боздошт шудааст. Дар ин бора Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, кормандони милитсия зимни чорабиниҳои бозҷӯӣ марди 60-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, собиқ мудири филиали "Тоҷпромбонк"-ро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир кардааанд.
Ниҳод афзудааст, собиқ мудир бо истифода аз ваколатҳои мансабиаш маблағи калони бонкро азхуд кардааст.
"Номбурда, бо истифода аз ваколатҳои мансабиаш аз моҳи ноябри соли 2013 то моҳи июни соли 2015 аз ҳисоби бонки мазкур 14758 доллари амрикоиро азони худ намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст",- омадааст дар иттилои манбаъ.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.