Раиси пешини суди ноҳияи Айнӣ ба 7 соли зиндон маҳкум шуд

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкЗаключенный в колонии, архивное фото
Заключенный в колонии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Икром Ҷумъазода, раиси пешини суди ноҳияи Айнӣ, бо гуноҳи ришвагирӣ ба ҳафт соли зиндон маҳкум шудааст

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Муҳаммад Мирзозода, иҷрокунандаи вазифаи раиси суди вилояти Суғд, зимни нишасти матбуотӣ хабар додааст, ки Икром Ҷумъазода раиси пешини суди ноҳияи Айнӣ ба ҳафт соли зиндон маҳкум шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории Тajikistantimes.com.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси суди вилояти Суғд таъкид намудааст, ки  ҳукми Икром Ҷумъазодаро Суди олии Тоҷикистон содир намудааст.

Молоток судьи - Sputnik Тоҷикистон
Шарҳи Ожонси зидди фасод дар бораи ришвагирии раиси суди Айнӣ

Вай афзудааст, ки ҳукми Икром Ҷумъазода мавриди иҷро қарор гирифтааст ва ҳоло ӯ дар зиндон адои ҷазо мекунад.

Ёдрас мешавем, ки дар моҳи октябри соли 2018 Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон расман дар бораи ришваситонии раиси пешини додгоҳи ноҳияи Айнӣ Ҷумъазода Икром хабар дода буд.

Раиси пешини суди  ноҳияи Айнӣ тобистони соли гузашта аз тарафи маъмурони Агентитии зидди коррупсия дастгир шуда буд.

Ожонси мубориза бо фасод тавзеҳ додааст, ки раиси пешини додгоҳи Айнӣ танҳо барои аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум накардани як сокини ноҳия аввал 500 доллар ва сипас 3000 сомонӣ талаб карда, гирифта буд

Ҳанӯз охирҳои моҳи июли соли равон раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармонеро ба имзо расонида, раиси додгоҳи ноҳияи Айниро барои "шаъну эътибори судяро паст задан" барканор карда буд.

Лентаи хабарҳо
0