ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Сафари хизматии мо бо омадани собиқадорони қувваҳои мусалаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ба Афғонистон рост омад.
Аскарони эҳтиётии рус дар кӯчаҳои Афғонистон гузаштаи худро аз мардуми маҳалӣ пинҳон накарда, ҳатто бо либосҳои низомӣ қадам мезананд. Гар чанде, ки бо чунин либос сафар ба Афғонистон аз тарафи Маркази илмӣ ва фарҳангии Русия дар Кобул манъ шудааст.
Полковники эҳтиётӣ Владимир Ерсак дар солҳои 1984-1987 дар Багром, дар шуъбаи 345-уми қушунҳои дисантӣ, ки вобаста ба дараи Панҷшер будааст, хизмати низомиро адо намудааст.
Бо гузашти 33 сол Владимир Людвигович ба саволҳои рӯзноманигори Sputnik дар бораи Афғонистон чунин ҷавоб дод.
– Бо гузашти 30 сол баъди баровардани низомиёни Шӯравӣ шуморо чӣ водор кард, ки ба Афғонистон сафар кунед?
– Дар ин ҷо дӯстони низомии мо ба таври абад боқӣ монданд, онҳо дар ҳамин хок дафн шудаанд. Барои ҳамин ҳамеша мехоҳем аз ин мавзеъ дидан кунем ва худ ба саволҳои худ ҷавоб диҳем: ин ҳама размоиши мо барои чӣ буд? баъди мо дар Афғонистон чӣ дигаргуниҳо шудааст?
Аз тарафи дигар мақсади асосии ин сафар ёди низомиёни байналмилалии Иттиҳоди Шӯравӣ дар қабристони Англисҳо дар Кобул аст.
Дирӯз ба он ҷое рафта будем, ки дар вақташ ба низомиёни афғон кумак карда будем. Дар дараи Панҷшер дуюм қисми ҳарбии мо маскун гирифта буд. Бо собиқ ҳарифони худ вохӯрдем. Онҳо бо як тааҷуби хоса моро пазируфта, бо чеҳраи кушод ва чой пешвоз гирифтанд.
– Афғонҳо мегӯянд, ки ин ҷанг содиқона буд.
– Бале. Вақте ки ман гуфтам, ки шиори гуруҳи мо “Қувва ва шараф” буд, панҷшериҳо дар ҷавоб гуфтанд, ки “Мо ҳам ҳамчунин”.
Чаро мо бар мегардем? Барои он, ки мо вазифаи байналмилалиамонро иҷро намудем ва бо гузашти 30 сол фаҳмидаистодаем, ки инро мо беҳуда накардаем. Мардум бо хурсандӣ “Шӯравӣ”-ро пешвоз мегиранд ва мегӯянд: “Раҳмат ки шумо дар ин ҷо будед”.
Бо либосҳои низомӣ аз дараи Панҷшер ва кӯчаю бозори Кобул гузар кардам. Одамон бо чеҳраи кушод бо ман суҳбат мекунанд. Ин алакай кишвари дигар аст.
Дар ин ҷо бо афсарони афғон, ки дар академияи низомии мо таҳсил мекарданд вохӯрдем. Онҳо аз Русия ба хуби ёд карданд ва аз мо пурсиданд: чаро шумо дар ин ҷо ин қадар кам ҳастед? Чаро ба Афғонистон дер-дер сафар мекунед?
– Ояндаи Афғонистонро чӣ интизор аст?
– Фикр мекунам ҳамааш хуб мешавад. Раисҷумҳури Афғонистон ба форуми иқтисодӣ ба Русия омад. Дар Афғонистон миқдори зиёди автамашинаҳои “КамАЗ”-и Русия дида мешаванд. Оҳиста оҳиста дар соҳаи иқтисодӣ, низ наздик шудаистодаем.