ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар пасманзари таҳдидҳо аз Афғонистон таҳкими ҳамкории низомӣ – техникии Душанбе ва Маскав мубрамтар шудааст, гуфт Игор Лякин - Фролов дар суҳбат бо РИА Новости.
Ӯ пойгоҳи низомии 201-уми Русияро кафили амният дар марзҳои ҷанубии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ – СПАД ва омили калидии субот дар минтақа хондааст.
“Ҳамаи ҳайати шахсӣ доим дар ҳолати омодабоши ҷангӣ қарор дорад, фаъолона дар тамринҳои муштараки Тоҷикистону Русия ва машқҳои СПАД мебошад”, - изҳор доштааст сафир.
Лякин-Фролов иттилоъ дод, ки дар доираи барномаи навсозии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мусаллаҳсозии онҳо бо силоҳи муосиру техника ва омодасозии кадрҳо дар муассисаҳои олиии Вазорати дифои Русия ва инчунин дар тамрингоҳҳои пойгоҳи 201 амалӣ шуда истодааст.
“Дар маҷмуъ, иҷроиши барномаи навсозии қувваҳои мусаллаҳ қаноатбахш мебошад. Моҳи декабри соли 2017 ба Тоҷикистон техникаи зиёди истеҳсоли Русия – танкҳо, зиреҳпӯшҳо, чархболҳо, тӯпҳо ба маблағи умумии 120 миллион доллар дода шуд”, - афзуд сафир.
Ӯ таъкид намуд, ки соли гузашта ба Тоҷикистон маҷмӯи таҷҳизоти радиотехникӣ, силоҳ ва тирҳо интиқол дода шуд.
Лякин – Фролов илова намуд, ки инчунин ояндаи наздик дар пойгоҳи низомии 201 баталиони дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин ташкил мегардад, ки имкониятҳои ҷангии пойгоҳро бештар мекунад.
Ба гуфтаи сафир, Русия ба Тоҷикистон дар ҳифзи марз низ кумак мекунад ва аз гуруҳи сарҳадии Хадамоти федералии амният - "ФСБ” Русия зикр кард, ки ёрии фаврӣ-методии худро расонда, дар раванди омодасозии мутахассисон иштирок мекунад.