ДУШАНБЕ, 4 фев - Sputnik. Қаҳрамони муҳорибаҳои навъи омехта Ҳабиб Нурмуҳаммадов гуфтааст, ки ба Президенти Амрико Доналд Трамп савол дорад, иттилоъ додааст РИА Новости.
Варзишкор мехоҳад аз Трамп сабаби надодани раводиди Амрико ба падар ва мураббиаш Абдулманап Нурмуҳаммадовро, ки мехостааст дар разми писараш бо Конор Макгрегор иштирок кунад, пурсон шавад.
“Бале ман ба Доналд Трамп савол дорам. Савол дар бораи раводиди падарам. Сабабашро мехостам аз ӯ пурсон шавам”, - гуфт Нурмуҳаммадов.
Ёдовар мешавем, ки Комиссияи иёлати Невадаи Амрико, Ҳабиб Нурмуҳаммедов ва Конор Макгрегорро барои ҷанҷол ҳангоми муҳориба дар моҳи октябри соли 2018 аз ҳаққи ширкат дар бозиҳо маҳрум кард.
Қарори вижаро Комиссияи иёлати Невада (NSAC) қабул кардааст.
Нурмуҳаммедов аз ҳуқуқи иштирок дар бозиҳо ба мӯҳати 9 моҳ ва Конор 6 моҳ, Ҳабиб ба 500 ҳазор доллар ва Макгрегор ба 50 ҳазор доллар ҷарима шудаанд.
Мӯҳлати ин маҳрумият аз 6-уми октябри соли 2018 сар мешавад.
Ҳабиб Нурмуҳаммедов ва Конор Макгрегор 6 октябр дар Лас-Вегас ба майдони муҳориба баромаданд. Дар даври 4-ум Ҳабиб пурра Конорро мағлуб кард.
Пас аз анҷоми бозӣ мухлисони Конор Ҳабибро таҳқир мекунанд ва варзишкор худро аз майдон ба берун андохта, ба онҳо дармеафтад. Дар натиҷа мухлисони Ҳабиб низ ба онҳо ҳамроҳ мешаванд ва ҷанҷол ба гурӯҳӣ табдил меёбад. Ҳарчанд ба зуддӣ пешгирӣ мегардад.
Ҳабиб Нурмуҳаммедовро аз камарбанди қаҳрамонӣ маҳрум накарданд, аммо ба 250 ҳазор доллар ҷарима намуданд.
Дар пайи ин ҷанҷол NSAC тафтишот оғоз карда буд.