ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Падари Ҳабиб Нурмуҳаммадов, варзишкори машҳури UFC, Абдуманап Нурмуҳаммадов тавзеҳ додааст, ки баъд аз Конор Макгрегор рақиби писари ӯ кӣ хоҳад шуд.
Мусоҳиба бо мураббӣ дар шабакаи Youtube-и хабарнигор Алексей Сафонов нашр шудааст.
Ба гуфтаи мураббӣ ва падари варзишкор Ҳабиб Нурмуҳаммадов писараш тасмим гирифтааст, ки баъд аз рақобат бо Конор бо Тони Фергюсон, ки дидорашон чор маротиба ба таъхир гузошта шуда буд рақобат хоҳад кард. Инчунин Ҳабиб мехоҳад бо Жорж Сент-Пиер, ки дар мусобиқаҳо 26 маротиба пирӯзӣ ва ҳамигӣ ду маротиба мағлуб шудааст рақобат намояд.
"Нақшаҳои рақобатҳо дигар баъд аз дидор бо Макрегор дорем ё не? Бале, дорем. Рақобат бо Тони Фергюсон ва Жорж Сент-Пер дар нақша ҳаст. Онҳо бисёр варзишкорони бо таҷрибаву ҷиддӣ ҳастанд ва мо мехоҳем бар онҳо низ пирӯз шавем. Орзу ва мақсади мо рақобат бо Сент-Пиер аст. Ин комилан қобили иҷрост. Сент-Пиер вазн мегирад, мо ҳам омода ҳастем болотар равем", — таъкид кард Нурмуҳаммадови калонӣ.
Рақобати Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Конор Макрегор дар мусобиқаи ояндаи UFC 6 октябри соли равон дар Лас-Вегаси Амрико баргузор мегардад.