Нақши зеҳни сунъӣ дар муолиҷаи бемориҳои саратон

© Sputnik / Александр КряжевХирурги моют руки, архивное фото
Хирурги моют руки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Духтури бемориҳои саратон бар он аст, ки баъди 30 сол компютер инсонро аз зарурати гузаштани ташхисии бемории саратон ёдовар мекунад

ДУШАНБЕ, 4 фев - Sputnik. Зеҳни сунъӣ дар оянда барои ташхиси бемории саратон нақши беандоза дорад, аммо табибро ба пурагӣ иваз карда наметавонад, ба РИА Новости гуфт роҳбари Маркази илмӣ-таҳқиқотии Олмон  (Das Deutsche Krebsforschungszentrum, DKFZ) дар Гайделберг, Михаэл Бауманн.

Морской узел, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Донишҷӯ баъди огоҳӣ аз бемории саратон худро ба дор овехт

“Ман бовари дорам, ки зеҳни сунъӣ дар тибби оянда аҳамияти калон дорад, аммо табиби зиндаро иваз карда наметавонад. Илм дар бораи иттилооте, ки дорои зеҳни сунъӣ аст бе мамоният фаҳмиши моро дар бораи ташхис тағйир медиҳад. Иҷозат диҳед ман пешгӯиямро дар бораи он, ки моро баъди 30 сол чӣ интизор аст гӯям: компютерро мекушоед ва он дар ҳолати зарури шуморо ёдовар мекунад, ки гузаштани ташхиси пешакӣ барои бемории саратон лозим аст”, - гуфт профессор.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории саратон аст. Ҳар сол 4-уми феврал рӯзи мубориза бо саратон ҷашн гирифта мешавад.

Рак молочной железы - Sputnik Тоҷикистон
Пешгӯии мутахассисон: дар соли 2030 аз саратон 13,5 миллион нафар ба ҳалокат мерасанд
Мақсади гузаронидани ин рӯз дар сатҳи байналмилалӣ – паҳн кардани маълумот дар бораи саратон ҳамчун бемории хатарноктарини замони муосир аст.

Чанде пеш олими Маркази саратоншиносии Лондон Макмилан Крис Стил ҳафт нишонаеро номбар карда буд, ки дар ҳолати ба мушоҳида расиданашон инсон бояд ба духтур муроҷиат намояд.

Нишонаҳои хатаровар метавонанд инҳо бошанд: тағйирёбии ногаҳонии кори рудаҳо ва рагҳои пешобгузар, хунравии ғайриоддӣ, варамӣ дар сина ва дигар мавзеъҳои бадан, бо мушкили фуру бурдани хӯрок ва нушокӣ, тағйирёбии ранг ва ҳаҷми холҳои бадан, сулфаи вазнин то ба нест шудани овоз ва табобат нашудани захм.

Сенатор США Джон Маккейн, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти сенатор Ҷон Маккейн аз бемории саратон

Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар дунё дар давоми як сол аз бемории саратони шуш қариб 1,5 миллион, аз саратони ҷигар – 1 миллион, тақрибан ҳамин қадар аз саратони рудаҳои ғафс ва рост ва 500 ҳазори дигар аз саратони ғадудҳои сина ба ҳалокат мерасанд.

Чанде пеш хабар дода шуда буд, ки олимони Донишгоҳи федеролии Шарқи дур воситаи нави табобати саратонро пешниҳод кардаанд, ки мувофиқи он ба таври сунъи ҳуҷайраҳои саратонро дар бадани одам ба ҳаракат дароварда, ҳангоми хуруҷашон онҳоро мекушанд.

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0