ДУШАНБЕ, 26 декабря - Sputnik. То соли 2030 шумораи қурбониён аз бемории саратон тақрибан ба 13,5 милиион нафар мерасад . Дар ин бора мудири Маркази таҳқиқоти миллии ба номи Блохин, сардухтури бемориҳои саратони Вазорати ҳифзи саломатии Русия Иван Стилиди хабар додааст. Вай маълумоти Ташкилоти ҷаҳонии ҳифзи саломатиро (ТҶҲС) асос овардааст.
“Дар соли 2015, 14 миллион нафар ба бемории саратон гирифтор шуда 8,2 миллионашон ба ҳалокат расидаанд. Дар соли 2030 мувофиқи пешгӯии ТҶҲС 21 миллион нафар ба ин беморӣ гирифтор шуда 13,5 миилиони онҳо ба ҳалокат мерасанд”, - гуфтааст Стилди.
Ба гуфтаи ӯ ҳоло дар дунё дар давоми як сол аз бемории саратони шуш қариб 1,5 миллион, аз саратони ҷигар – 1 миллион, тақрибан ҳамин қадар аз саратони рудаҳои ғафс ва рост ва 500 ҳазори дигар аз саратони ғадудҳои сина ба ҳалокат мерасанд.
Чанде пеш хабар дода шуда буд, ки олимони Донишгоҳи федеролии Шарқи дур воситаи нави табобати саратонро пешниҳод кардаанд, ки мувофиқи он ба таври сунъи ҳуҷайраҳои саратонро дар бадани одам ба ҳаракат дароварда, ҳангоми хуруҷашон онҳоро мекушанд.