ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, се корманди боздоштгоҳи муваққатии ШВКД дар ноҳияи Айнӣ барои хунукназарӣ дар рафти адои хизмат, ки боиси худсӯзӣ намудани айбдоршаванда Қурбонова гардидааст, аз сафи мақомоти корҳои дохилӣ озод гардидаанд.
ВУД шарҳ додааст, ки моҳи августи соли 2018 алайҳи Истат Қурбонова бар асоси моддаҳои 338 ва 255-и Кодекси ҷиноӣ – ишғоли худсаронаи замин ва қасдан нобуд кардани амвол парванда оғоз шудааст.
Қурбонова бинобар саркашӣ ва пинҳон шудан аз мақомоти тафтишотӣ, аз моҳи октябри соли 2018 мавриди кофтукоб қарор гирифтааст.
Манбаъ афзуд, айбдоршаванда 3-юми январи соли 2019 боздошт гардида, 12 январ бояд аз боздоштгоҳи муваққатӣ ба муассисаи тафтишотии №9/5 воқеъ дар шаҳри Истаравшан интиқол дода мешуд.
“Пеш аз интиқол додан Қурбонова норозигӣ баён намуда, асабонӣ шуда ба кормандони милитсия дағалӣ менамояд. Кормандони милитсия ин ҳолатро дида аз беморхонаи марказии ноҳия духтур даъват мекунанд то ҳолати руҳии Қурбоноваро муоина намоянд”, - омадааст дар иттилоия.
ВУД афзуд, духтур Ҷабборов Пайрав Қурбоноваро муоина кардааст ва сипас айбдоршаванда бо баҳонаи ба ҳоҷатхона рафтан худро дар дохили ҳоҷатхона бо либосҳояш оташ задааст.
“Кормандони милитсия ва духтури даъватшуда дарҳол оташро хомӯш намуда, ба Қурбонова ёрии аввалини тиббӣ мерасонанд ва барои паст намудани ҳолати асабоният ва дарди айбдоршаванда Қурбонова шахсан духтур Ҷабборов ба номбурда ёрии тиббӣ мерасонад. Ҳолати бадрафторӣ ва дағалӣ аз тарафи кормандони милитсия нисбати ин зани пиронсол тасдиқи худро наёфт”, - таъкид кардаанд мақомоти умури дохоилӣ.
Ин дар ҳолест, ки бар асоси иттилои нашргардида Истат Қурбонов дар идораи милиса мавриди бадрафторию шиканҷа қарор гирифта, худсӯзӣ кардааст.
Аммо ВУД Тоҷикистон ин иддаоро рад карда, изҳор доштааст, Қурбонова қаблан – солҳои 2000 ва 2007-ум низ барои авбошӣ, латукӯб, таҳқир ва истифодаи зӯроварӣ нисбати намояндаи ҳокимият суд шудааст.