ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ноҳияи Ашт мардеро ба иттиҳоми латукӯби ҳамсар дастгир кардааст.
Бино бар иттилои манбаъ, сокини 29-солаи шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт, ки пештар бо ҳамсараш ҷанҷол намуда будааст, ӯро ба мулоқот ба заминҳои бекорхобидаи канори ноҳия даъват карда, сахт латукӯб кардааст.
"Номбурда, рӯзи 10-уми октябри соли 2018, тахминан соати 17:30-дақиқа, дар ҳудуди заминҳои бекорхобидаи шаҳраки Шайдон бо ҳамсараш, зани 19-сола вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ӯро лату кӯб намудааст", - тавзеҳ медиҳад ВУД.
Дар натиҷа, ҷабрдида мувофиқи хулосаи Ташхиси судӣ-тиббӣ ба саломатиаш ҷароҳати вазнин бардоштааст.
Нисбати ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.