ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Ҳафт созмони маҳаллӣ ва байналмиллалӣ аз истифодаи густурдаи шиканҷа дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, рӯзи сешанбе баёнияи муштарак пахш карданд.
Зери ин баёния Эътилофи созмонҳои ғайридавлатӣ алайҳи шиканҷа дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Сандуқи Хелсинкии ҳуқуқи инсон (Лаҳистон), Ҳамгироии байналмиллалӣ барои ҳуқуқи инсон (Белгия), Amnesty International (Лондон), Созмони байналмиллалӣ алайҳи шиканҷа (Женева) имзо мондаанд.
Бист сол қабл, 10 феврали соли 1995 Тоҷикистон ба Созишномаи байналмиллалии зидди шиканҷа пайваст.
"Бо гузашти 20 сол шиканҷа ва адами ҷазои муттаҳамон барои ин кишвар як амри маъмулӣ шудааст, — омадааст дар баёния. — Эътилофи созмонҳои ғайридавлатӣ барои муқобала бо шиканҷа дар соли 2014 беш аз 100 мавриди истифода аз шиканҷа ва аъмоли дигари хушунат алайҳи мардҳо, занҳо ва кӯдаконро сабт кардааст. Танҳо дар чанд маврид муттаҳамон муҷозот шуданд".
Зикр шудааст, ки "бештаре аз ҷабрдидагон аз тарси қассос ҳатто шикоят намекунанд".
Ин созмонҳо таъкид мекунанд, ки ба манзури бистумин солгарди оғози иҷрои Созишнома онҳо гузоришеро бо номи "Барои рафъи шиканҷа Тоҷикистон зарур аст иқдомоти зиёдеро рӯйи даст бигирад" таҳия кардаанд, ки дар он вазъи истифода аз шиканҷа ва анҷои дигари хушунат, аз ҷумла дар суфуфи артиш, баррасӣ шудааст.
Яке аз мавориди тозаи мъомилаи хушунатбор, ки дар гузориш зикр шудааст, дар моҳи декабр рух додааст.
Ба иттилоъи созмонҳои ғайридавлатӣ, шоми 4 декабр сокини Панҷакент Самандар Ҷалолзод бобои худро дар кӯча интизор буд ва ӯро ногаҳон маъмурони пулис боздошт ва ба мошини худ савор карданд. Дар шӯъбаи пулис афсарон эҳтимолан Ҷалолзодро бо зарфи обдор ва пойҳояшон задаанд. Баъд аз мудохилаи падари ин ҷавон ӯро ҳамон бегоҳ озод карданд, вале дар ҳеч ҷинояте ӯро муттаҳам накарданд.
"Мусаллам аст, ки Тоҷикистон бояд иқдомоти бештаре барои аз байн бурдани шиканҷа рӯйи даст бигирад", — зикр мекунанд коршиносон ва изофа кардаанд, ки ҳадди аққал дар солгарди пайвастшавӣ ба Созишнома парвандаи Самандар Ҷалолзода бояд таҳқиқ ва муттаҳамон ҷазо дода шаванд.
Дар бораи истифодаи густурда аз шиканҷаи боздоштшудагон созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳо мукарраран хабар медиҳанд. Соли гузашта дар пайи ин гуна шиканҷа Умедҷон Тоҷиеви 34-сола ҷони худро аз даст дод. Ба иттилои созмони ғайридавлатӣ, вай натавонист шиканҷаи маъмурони пулисро тоқат кунад ва худро аз ошёнаи севвуми бахши пулиси шаҳри Исфара берун партофт. Ӯро ба бемористон мунтақил карданд, вале баъд аз ду ҳафта ҷони худро аз даст дод.