Дастгиршварии зани 19-сола дар шаҳри Бӯстон барои ташкили фоҳишахона

© AFP 2023 / STRРаботница коммерческого секса с клиентом, архивное фото
Работница коммерческого секса с клиентом, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони милитсияи Тоҷикистон зани 19 сола сокини шаҳри Бӯстонро дастгир карданд, ки дар ташкили фоҳишахона айбдор мешавад

ДУШАНБЕ, 31 янв - Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсия зани 19-солаи сокини шаҳри Бӯстонро бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карданд.

Спальная комната в общежитии учебного центра ГКНБ в Хороге - Sputnik Тоҷикистон
Сесад сомонӣ дар 1 рӯз: cокини Испечак хонааш дар кӯчаи Айниро фоҳишахона кардааст

Тибқи иттилои манбаъ, номбурда, рӯзи 30-юми январи соли 2019, тахминан соати 14:00-дақиқа, хонаи истиқоматиашро, воқеъ дар шаҳраки Чоруқ-Даррони шаҳри мазкурро ба фоҳишахона табдил додаааст.

“Зани 19-сола хонаашро барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба зани 19-солаи сокини ноҳияи Б.Ғаффуров ва марди 22-солаи сокини шаҳраки Чоруқ-Даррон шароит фароҳам оварда, аз онҳо 480-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст”, - таъкид намудааст манбаъ.

Дар ҳоли ҳизир кормандони милитсия аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишотро идома доранд.

Ёдрас мешавем, ки дар оғози аввали соли нав кормандони милитсия ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе зани 43-солаи сокини кӯчаи Ҳусейнзодаро дастгир намуданд, ки дар ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона гумонбар дониста мешуд.

Вход в стриптиз бар, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷавони 23-сола аз шаҳри Кӯлоб дар Душанбе фоҳишахона ташкил кард

номбурда, рӯзи 3-юми январи соли равон, тахминан соати 18:00-дақиқа, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсии марди 33-сола ва зани 43-солаи сокинони пойтахт шароит муҳайё намуда, аз онҳо 300-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

“Ҳамин тариқ, номбурда рӯзи 4-уми январи соли 2019, тахминан соати 18:00-дақиқа, хонаи истиқоматиашро барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 24-солаи сокини шаҳри Душанбе ва зани 24-солаи сокини шаҳри Ҳисор шароит муҳайё намуда, аз онҳо 300-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст”, - таъкид намудааст манбаъ. 

Лентаи хабарҳо
0