ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе марди 23-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, номбурда рӯзи 5-уми январи соли равон хонаи ба иҷора гирифтаашро, воқеъ дар кӯчаи Шевченкои ноҳияи Фирдавсӣ ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда аст.
Вай дар як рӯз хонаи ба иҷора гирифтаашро се маротиба ба шахсони гуногун иҷора дода, пул ба даст овардааст.
“Дар аввал вай хонаи ба иҷора гирифтаашро ба марди 26-солаи сокини шаҳри Турсунзода ва зани 34-солаи сокини шаҳри Душанбе супорида, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст”, таъкид намудааст манбаъ.
Манбаъ афзудааст, ки худи ҳамон рӯз номбурда хонаи ба иҷора гирифтаашро, боз ба як марди 31-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва зани 38-солаи сокини шаҳри Душанбе супорида, аз онҳо низ 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Ҳамчунин, номбурда дар ҳамин рӯз хонаи ба иҷора гирифтаи мазкурро барои алоқаи ҷинсӣ намудани марди 27-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва зани 37-солаи сокини шаҳри Душанбе супорида, аз онҳо 200-сомонӣ гирифтааст.
Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи пойтахт аз рӯи ин ҳодисаҳои мазкур тафтишотро идома доранд.