ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ҷавон ба ивази маблағ дар хонааш дар кӯчаи Айнии пойтахт барои шаҳрвандон шароити мулоқоти маҳрамона фароҳам мекардааст.
Манбаъ афзуд, ки муттаҳам шоми 22-юми январи соли 2019, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 40-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва зани 44-солаи сокини шаҳри Душанбе шароит муҳайё карда, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
“Ҳамин тариқ, номбурда рӯзи 25-уми январи соли 2019, тахминан соати 19:00-дақиқа, хонаи истиқоматиашро барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 27-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва зани 33-солаи сокини пойтахт шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.
Манбаъ афзуд, ки инчунин 25 январ аз як марди 34-сола ва зани 38-сола барои фароҳам овардани шароит 150 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
ВУД таъкид кард, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.