ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои хабаргузории “Ховар”, кормандони амният аз ҳамлаи “ДОИШ” ба пойгоҳи низомии 201 ҷилавгирӣ кардаанд.
“Тафтиши парвандаи террористон қариб ба итмом расида, ояндаи наздик ба баррасии суд дода мешавад. Террористон ба сафҳои “Давлати исломӣ” ҷалб шуда, тариқи интернет ба ин созмон савганди садоқат ёд кардаанд. Онҳо нисбат ба пойгоҳи низомии 201 Россия дар Тоҷикистон амалҳои террористӣ содир карданӣ будаанд”, - иттилоъ додааст “Ховар” аз қавли Умаров.
Генерал-лейтенант таъкид намудааст, ки бо кӯшиши КДАМ ин амалҳои террористӣ пешгирӣ шуда, иштирокчиёни он бо далелҳои шайъӣ ҳафтаи гузашта дар хонаи яке аз аъзои гурӯҳ дастгир гардиданд.