ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, полковник Сергей Горячевро фармондеҳи пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон таъйин намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии низомии Русия.
“Бо фармони раисҷумҳури Русия полковник Горячев ба вазифаи фармондеҳи пойгоҳи низомии 201-уми Ҳавзаи марказии низомии Русия, ки дар Тоҷикистон ҷойгир шудааст, таъйин гардид”, - омадааст дар иттилоия.
Горячев хатмкунандаи Донишгоҳи низомии шаҳри Рязан ва Академияи вазорати мудофиаи Русия мебошад.
Вай пештар дар Қафқози шимолӣ ҷанг карда, гурӯҳи махсуси “Рус”-и нерӯҳои дохилии Вазорати корҳои дохилаи Русияро идора мекардааст.
Ёдрас мешавем, ки пойгоҳи низомии 201-ум, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ аз кишвар ба ҳисоб меравад.
Пойгоҳи низомии мазкур дар ду шаҳр – Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудааст. Тибқи шартномаи баимзорасидаи соли 2012, пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон то соли 2042 боқӣ хоҳад монд.