ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Соҳибкори маҳаллӣ Абдушукур Раҷабов дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд корхонаи металургӣ бунёд мекунад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.
Бино бар иттилои манбаъ, корхонаи металлургии “Маҳмуд-Ко” дар минтақаи саноатии шаҳр аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдушукур Раҷабов бо харҷи 10 миллион сомонӣ бунёд хоҳад шуд.
Лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶДММ “Суғдшаҳрофар” омода гардида, пудратчӣ ҶДММ “Абдушукур” мебошад.
“Се бинои асосӣ ва бинои маъмурии корхона дар масоҳати беш аз 2 гектар сохта шуда, бо мавриди истифода қарор гирифтани он зиёда аз 100 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд”, - таъкид намудааст манбаъ.
Раҷаббой Аҳмадзода зимни маросими оғози сохтмони корхона, афзудааст, ки ҳамкории судманди давлат бо бахши хусусӣ дар чанд соли охир ба рушди соҳа мусоидат намуда, дар ин раванд ҷойҳои нави корӣ бунёд ва некӯаҳволии мардум таъмин гардида истодааст.