Мулоқоти вазири хориҷаи Тоҷикистон бо мақомоти баландпояи САҲА

© Пресс-служба МИД РТВстреча главы МИД Таджикистана с руководителем ОБСЕ
Встреча главы МИД Таджикистана с руководителем ОБСЕ  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо Дабири кулли САҲА, Мудири Дафтари САҲА доир ба ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон ва Комисари Олии САҲА доир ба ақаллиятҳои миллӣ мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik.  Дар ҳошияи ҷаласаи 25-уми Шӯрои вазирони кишварҳои ширкаткунандаи САҲА 6 декабри соли равон дар шаҳри Милан, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли САҲА Томас Гремингер мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати хориҷаи кишвар.

Подписание соглашения между МИД Таджикистана и Румынии  - Sputnik Тоҷикистон
Тавсеаи ҳамкориҳо миёни Вазоратҳои хориҷаи Тоҷикистону Руминия

Бино бар иттилои манбаъ, дар рафти вохӯрӣ тарафҳо дар масъалаҳои марбут ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистону САҲА, аз ҷумла раванди таҳияи Ёддошти тафоҳум, фаъолияти минбаъдаи Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе, раёсати Тоҷикистон дар Форуми амниятии САҲА дар соли 2019 ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи афкор намуданд.

Инчунин, вазорати корҳои хориҷа хабар додааст, ки вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Комиссари Олии САҲА оид ба ақаллиятҳои миллӣ Ламберто Занниер мулоқот анҷом дод.

“Зимни мулоқот тарафҳо роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкории Дафтари Комиссари Олии САҲА бо мақомоти дахлдори Тоҷикистон дар раванди татбиқи лоиҳаҳои минтақавии марбут ба ҳимояи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ табодули афкор намуданд”, -таъкид намудааст манбаъ.

Сироджиддин Аслов и Лиу Женмин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо мақомоти баландпояи СММ мулоқот намудааст

Илова бар ин, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати таҷдиди санади ҳамкорӣ миёни ниҳоди мазкури САҲА ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдом намоянд.

Имрӯз ҳамчунин Сироҷиддин Муҳриддин бо Мудири Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсон (ДНДҲИ) хонум Ингибёрг Гисладоттир мулоқот намуд.

Бино бар иттилои манбаъ, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба самтҳои асосии ҳамкорӣ миёни мақомоти дахлдори Тоҷикистон бо ДНДҲИ, аз ҷумла мусоидати  ниҳоди мазкури САҲА дар татбиқи уҳдадориҳои кишвар дар чаҳорчӯби ченаки инсонии созмон, инчунин ширкати намояндагони Тоҷикистон дар ҳамоишҳои ин ниҳод табодули назар карданд.

 

Лентаи хабарҳо
0