Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо мақомоти баландпояи СММ мулоқот намудааст

© Пресс-служба МИД РТСироджиддин Аслов и Лиу Женмин, архивное фото
Сироджиддин Аслов и Лиу Женмин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лю Чжэнмин дидор ва мулоқот кардааст.

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъ дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон вазир ба муовини дабири кулли СММ Лю Чжэнмин барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028" миннатдорӣ намуда, нақши СММ-ро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ баланд арзёбӣ кард.

Зимни мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин аз сатҳи муносибати муштарак изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳовасмандии Тоҷикистонро дар масъалаи густариши ҳамкории самарабахш бо СММ дар амалисозии барномаҳое, ки барои ноилгардӣ ба ҳадафҳои рушди устувор равона шудаанд, изҳор намудаст.

Инчунин зимни мулоқот масъалаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону сохторҳои СММ ва инчунин дурнамои ҳамкориҳои минбаъда ва ҳамкориҳо дар доираи конфронси Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028" мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ин ҳам дар ҳолест, ки имрӯз вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Маркази минтақавии СММ Наталя Герман низ мулоқот намудааст.

Зимни мулоқот ҷонибҳо алоқамандии самимии хешро ба таҳкиму тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо СММ дар самту соҳаҳои мухталиф, аз қабили таъмини сулҳу суботи ҷаҳонӣ, мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосири амниятӣ, ҳифзи муҳити зист, таъмини рушди устувори ҷомеа, ҳифзу мудирияти захираҳои об баён намуданд.

 

Лентаи хабарҳо
0