ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини вазири корҳои хориҷии Руминия Данут Себастиан Никулаеску 6 декабри соли равон дар шаҳри Милан дар ҳошияи ҷаласаи 25-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии САҲА баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо доир ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, сайёҳӣ, маориф ва амниятӣ мубодилаи афкор намуда, ҷиҳати баргузории даври ояндаи машваратҳои сиёсии дуҷониба миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар ба мувофиқа расиданд.
“Илова бар ин, ҷонибҳо дар атрофи авлавиятҳои раёсати Руминия дар Иттиҳоди Аврупо дар нимаи аввали соли 2019 ва дар ин замина тавсеаи ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби стратегияи нави он бо кишварҳои Осиё Марказӣ ибрози андеша намуданд”- таъкид намудааст вазорати хориҷа.
Инчунин дар фарҷоми мулоқот миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Руминия нақшаи амал доир ба ҳамкориҳо барои солҳои 2019-2020 ба имзо расид.