Ду духтару ду писар: дар Бадахшон модаре паз аз 4 соли бефарзандӣ чоргоник таваллуд кард

Обуна шудан
Бори аввал дар вилояти Бадахшон чоргоник таваллуд шудааст. Меҳрангези Саломатшо мегӯяд, чор сол фарзанд ёфта наметавонист ва баъди табобат соҳиби чоргоник гашт. Зан номи писаронашро Абӯбакру Умар ва духтаронашро Фотимаву Зӯҳро гузоштааст

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Модаре дар Бадахшон пас аз 4 соли бефарзандӣ чоргоник ба дунё овардааст.

"Имрӯзҳо хонаи сокини деҳаи Сангеви Ҷамоати деҳоти Қалъаи хуми ноҳияи Дарвоз Маҳдиҷони Шукрихудо пур аз меҳмон аст. Дар ин хонавода чаҳоргоникҳо- ду писар ва ду духтар ба дунё омаданд", - менависад "Ховар".

Модари ин чор фарзанд Меҳрангези Саломатшо чор сол боз фарзанд ёфта наметавонистааст ва якбора соҳиби чоргоник гаштааст.

"Ҳатто одамони ношинос низ  ба хона омада, маро табрик мекунанд. Ман чаҳор сол пеш шавҳар кардам. Дар давоми чор сол фарзанд наёфтам. Баъди табобат дар шаҳрҳои Москва ва Душанбе соҳиби ин чоргоникҳо гаштам",- мегӯяд зан.

Дидори модари чоргоник аз ҷониби масъулони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш - Sputnik Тоҷикистон
Модари чоргоник аз масъулини Тоҷикистон тӯҳфаи хотирмон гирифт

Хонавода номи писараконро  Абубакру Умар ва духтараконро Фотимаву Зӯҳро гузоштаанд.

Ба гуфтаи пизишкони беморхонаи Дарвоз, ин бори аввал аст, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чоргоникҳо ба дунё омаданд.

"Ман хеле хушҳолам, ки чунин бахти баланд насиби ман гардид", - афзудааст зан.

Ба нигоҳубини чор тифл модари зан, ки худ момодоя будааст, ба духтараш кӯмак мекардааст.

Таваллуди чоргоник дар ВМКБ дар ҳолест, ки моҳи майи соли равон дар Душанбе донишҷӯе чоргоник таваллуд карда буд. Заррина, ки сокини шаҳри Бохтар будааст, се духтарак ва як писарак ба дунё оварда буд.

Ҳамин гуна як рӯйдоди фараҳбахш моҳи июн дар вилояти Суғд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух дода буд. Модари 35-солае, ки соҳиби чор фарзанд будааст, чоргоник - се писар ва як духтар таваллуд кард.

Ёдрас мешавем, моҳи майи соли равон аҳолии Тоҷикистон ба 9 миллион расид. Тифлаке, ки аҳолии Тоҷикистонро ба 9 миллион расонид, рӯзи 26 май дар таваллудхонаи рақами 1 шаҳри Душанбе ба дунё омад. Ҳукумати Тоҷикистон волидони кӯдакро бо манзили сеҳуҷрагӣ таъмин кард.

Лентаи хабарҳо
0