Модари чоргоник аз масъулини Тоҷикистон тӯҳфаи хотирмон гирифт

© Кумитаи ҷавоно ва варзишДидори модари чоргоник аз ҷониби масъулони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш
Дидори модари чоргоник аз ҷониби масъулони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зимнан оилаи ҷавон аз солим таваллуд шудани ҳар чор тифл изҳори хушнудӣ намуда, барои муҳайё сохтани шароити созгор ба Ҳукумати кишвар миннатдорӣ баён карданд

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш Дилноза Аҳмадзода ва довталабони назди Клуби волонтёрони назди кумита ба дидори модари чоргоник Заррина Неъматова ба бемористони рақами 1 шаҳри Душанбе рафтанд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Кумитаи ҷовонон ва варзиш.

Гуфта мешавад, масъулин модари хушбахтро шодбош гуфта, барои кӯдакон маҳсулотҳои ниёзи аввалия ватуҳфаи хотирмон ба модар ҳадя намуданд.

"Зимнан оилаи ҷавон аз солим таваллуд шудани ҳар чор тифл изҳори хушнудӣ намуда, барои муҳайё сохтани шароити созгор ба Ҳукумати кишвар миннатдорӣ баён карданд",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Зарина Неъматова сокини 22-солаи шаҳри Бохтар буда, айни замон донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад.

Пештар хабар дода шуд, ки донишҷӯе дар шаҳри Душанбе чоргоник ба дунё овард. Модари хушбахт донишҷӯй-Заррина Неъматоваи 22-сола мебошад.

Заррина дар шаҳи Бохтар (Қуғонтеппа) ба дунё омадаву бузург шудааст. Дар ҳоли ҳозир ӯ ҳамроҳи ҳамсараш дар яке аз макотиби олии шаҳи Душанбе таҳсил мекунад. Падари чаҳор кӯдак дар курси 7-уми Донишгоҳи тиббӣ таҳсил мекунад.

Заррина се духтар ва як писар ба дунё овард. Тифлони навзод аз 1600 то 1900 грамм вазн доранд. Писарча аз ҳама бузургтар аст.

Аллакай номҳои тифлони навзод муайян шудааст.

Лентаи хабарҳо
0