ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон дар чаҳорчӯби таҳқиқи ошӯби зиндониҳо дар маҳбаси шаҳри Хуҷанд, шаш корманди масъули додситонии вилояти Суғдро аз вазифа озод кард, иттилоъ додааст хабаргузории Tajikistantimes.
Ба иттилои манбаъ, миёни онҳое, ки бо фармони додситони кулли Тоҷикистон аз вазифа барканор шудаанд, прокурори назорати маҳбасҳои вилояти Суғд Завқибек Шарифзода, як муовини ӯ, сардори Шуъбаи назорати маҳбасҳои прокуратураи вилояти Суғд Маъмур Аъзамзода ва се прокурори ҳамин шуъба мебошанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран нисбати ҳафт кормандони муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд, ки дар онҷо ошӯб сар зада буд, барои хунукназарӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон парвандаҳои ҷиноӣ боз карда шуд
Парвандаи ҷиноӣ нисбати сардори муассиса Файзулло Сафарзода, сардори шуъбаи таъмини тартиботи ҳуқуқӣ Дилшод Собиров ва боз панҷ нафар кормандони муассиса боз шуда буд.
Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки дар пайи ошӯби зиндониён дар Хуҷанд бештар аз 27 нафар, тибқи иттилои баъзе расонаҳо то 43 тан кушта ва даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Байни кушташудагон ду посбони зиндон низ буданд. Шумораи зиёди ҳалокшудагонро маҳбусон ташкил медиҳанд. Ба иттилои Вазорати адлияи Тоҷикистон, таҳқиқи ҳодиса идома дорад. Гӯрӯҳи террористии ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) масъулияти ҳодисаро бар ӯҳда гирифтааст.