“Ошӯб дар зиндони Хуҷанд 27 кушта барҷой гузошт”

CC0 / Pixabay / Тюрьма, архивное фото
Тюрьма, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ошӯби шаби чоршанбеи 7 ноябр дар зиндони Хуҷанд 27 кушта барҷой гузоштааст

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Ҳангоми ошӯб дар зиндони Хуҷанд, ду корманди мақомот ва ҳудуди 25 маҳбус кушта шуданд, хабар додааст РИА Новости аз қавли манобеяш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Ба иттилои манбаъ як зиндонбон ва як афсари воҳиди махсус ба ҳалокат расида, 6 корманди дигари ҳифзи ҳуқуқ маҷруҳ шуданд.

Заключенные в исправительной колонии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Чанд милисаро ҳам куштанд: мақомот хабари ошӯб дар зиндони Хуҷандро тасдиқ кард

“Ҳангоми ошӯб ду афсар ба ҳалокат расида, 6 зиндонбони дигар маҷруҳ ва бистарӣ шуданд. Феълан таҳдиде ба ҳаёти маҷруҳон ҷой надорад, вазъашон муътадил аст”, - изҳор доштааст манбаи РИА Новости.

Расонаҳо аз зиндонбони кушташуда Эҳсон Ёқубов, сокини 29-солаи ноҳияи Мастчоҳ, падари ду фарзанд ном бурданд, ки феълан ҷасадаш ба зодгоҳ интиқол дода шудааст.

Бино бар иттилои манбаъ, ошӯб дар яке аз зиндонҳои низомаш шадиди шаҳри Хуҷанд шаби чаҳоршанбе сурат гирифтааст.

Маҳбусон яроқи посбононро тасарруф карда, чанд милисаро куштаанд. Нерӯҳои амниятӣ ба ҷойи ҳодиса расида, ошӯбро пахш кардаанд.

Расман мақомоти Тоҷикистон то ҳол ин қазияро шарҳ надодаанд.

Лентаи хабарҳо
0