Бозгашти Ахмедов, “таблиғотчӣ”-и собиқи “Гуруҳи 24” ба Тоҷикистон

© сомонаи ВУД ТоҷикистонБозгашти Мирзоҳаким Мирзоумаров, муттаҳам дар узвият ба созмони мамнӯи “Гуруҳи 24”
Бозгашти Мирзоҳаким Мирзоумаров, муттаҳам дар узвият ба созмони мамнӯи “Гуруҳи 24” - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз бозгашти Мирзоҳаким Ахмедов, муттаҳам дар узвияти созмони мамнӯи “Гуруҳи 24” хабар додааст

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. ВУД Ахмедовро таблиғотчии пешини созмони мамнӯи “Гуруҳи 24” хонда, таъкид намудааст, ки бозгашти ӯ дар доираи  амалисозии  барномаи давлатии баргардонидани афроди гумроҳзада сурат гирифтааст.

Расонаҳо: раҳоии муовини роҳбари “Гуруҳи 24” дар Молдова

Манбаъ изҳор дошт, ки Ахмедов Мирзоҳаким Мирзоумарович, соли таваллудаш 1983, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Чилгазии шаҳри Исфара наздики чор сол инҷониб ҳамчун узви фаъоли ташкилоти экстремистӣ - террорстии “Гурӯҳи 24” барои даъвати оммавӣ ба фаъолияти экстремистӣ таҳти пайгард қарор дошт.

Бино ба маълумоти ВУД, Ахмедовро мубаллиғони созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24” тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалб намудаанд.

“Ӯ бо шомил шудан дар саҳифаҳои интернетӣ ба ҳайси таблиғотчӣ баромадҳои иғвоангез намуда, ба бадномкунии Тоҷикистон машғул шудааст. Чунин кирдори ҷиноятӣ боис гашт, ки моҳи марти соли 2015 нисбати Мирзоҳаким Ахмедов аз ҷониби Раёсати тафтишотии ВКД парвандаи ҷиноятӣ оғоз шавад”, - изҳор доштааст ВУД.

Вход в здание суда района И. Сомони. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Муттаҳам дар узвияти “Гуруҳи 24” 17.5 сол аз озодӣ маҳрум шуд

Манбаъ афзуд, бо мусоидати мақомот Мирзоҳаким Ахмедов, ки аллакай хатогиашро дарк намудааст, ба Ватан баргашта, афв шудааст.

ВУД хотиррасон кардааст, қонунгузории Тоҷикистон имкон медиҳад, ки новобаста аз хавфнокии ҷиноятҳои характери экстремистӣ дошта дар сурати ихтиёрӣ ҳозир шудан ва мавҷуд набудани дигар аломатҳои таркиби ҷиноят шахси гунаҳгор авф карда шавад.

“Ҳар нафари барои чунин ҷиноят дар таъкиби ҷиноятӣ қарор дошта имкон дорад, дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла ВКД аз ин фурсати муносиб истифода барад”, - омадааст дар иттилоияи ин ниҳод.

Лентаи хабарҳо
0