Расонаҳо: раҳоии муовини роҳбари “Гуруҳи 24” дар Молдова

© Sputnik / Яков Берлинер / Гузариш ба медиабонкШаҳри Кишинёв- пойтахти Молдова
Шаҳри Кишинёв- пойтахти Молдова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мухолифи сиёсии ҳукумати Тоҷикистон Собир Валиев аз боздошт раҳо шудааст, аммо масъалаи истирдоди ӯ ба Тоҷикистон ҳанӯз ҳам дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Рӯзи чаҳоршанбе додгоҳи таҷдиди назари Молдова тамдиди муҳлати Собир Валиевро, ки аз сӯи додгоҳи Кишинёв содир шуда буд, ғайриқонунӣ донист, менависад ОИ Озодагон.

Саҳифаи Шарофиддин Гадоев дар Facebook - Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарии “Гурӯҳи 24”-ро Шарофиддин Гадоев ба ӯҳда гирифт

Собир Валиев, муовини раҳбари созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъи "Гуруҳи 24" ва "Анҷумани неруҳои созандаи Тоҷикистон", ки аз хориҷ ба танқиди ҳукумати кишвар машғуланд, рӯзи 11 августи соли равон замоне, ки нияти сафар ба Истамбули Туркияро дошт, дар фурудгоҳи Кишинёв боздошт шуда буд.

Додгоҳи Кишинев 27 август муҳлати боздошти Валиевро, ки 12 август бо дархости мақомоти тоҷик боздошт ва то 31 август ба ҳабси пешакӣ гирифта шул, 20 рӯзи дигар тамдид карда буд. Додгоҳ далел ин тасмими худро нагирифтани дархости расмии Тоҷикистон барои истирдоди Валиев эълом карда буд.

Дар ҳамин ҳол, Дмитрий Слюсаренко, вакили дифои ин сиёсатмадори боздоштшуда гуфтааст, ҳеч далеле барои тамдиди муҳлати боздошти Валиев вуҷуд надорад ва қазияи ӯ зери назари масъулини САҲА, намояндаи аршади СММ дар умури паноҳандагон, Афви байналмилал ва "Promo-Lex" қарор дорад.

 

Лентаи хабарҳо
0