Муттаҳам дар узвияти “Гуруҳи 24” 17.5 сол аз озодӣ маҳрум шуд

© Sputnik / Амир ИсаевВход в здание суда района И. Сомони. Архивное фото
Вход в здание суда района И. Сомони. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳ Умедҷон Солиҳов, нафари муттаҳам ба узвият дар “Гурӯҳи 24”-ро ҳабдаҳуним сол маҳкум ба зиндон кард. Додраси парванда гуфт, Солиҳов 4 сол аз ҳаққи фаъолияти тиҷорӣ низ маҳрум аст.

ДУШАНБЕ, 4 март — Sputnik. Умедҷон Солиҳов, нафари муттаҳам ба узвият дар созмони мамнӯи "Гурӯҳи 24", аз сӯи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба 17 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд, хабар медиҳад "Радиои Озодӣ".

Қаблан, айбдоркунандаи давлатӣ барои Солиҳов аз додгоҳ 18 соли маҳрумият аз озодиро тақозо карда буд.

Ҳотам Раҷабзода, додраси парванда 4 март гуфт, Умедҷон Солиҳов баъд аз раҳоияш аз зиндон чор соли дигар ҳаққи машғул шудан ба фаъолиятҳои тиҷориро надорад.

Раҷабзода зимни қироати ҳукм гуфт, Солиҳов барои талоши ғасби ҳокимият, вайрон намудани сохти конститутсионӣ, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, таҳқири раиси ҷумҳур ва ҷалби шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ҷиноӣ муҷрим шинохта шудааст. Аммо Умедҷон Солиҳов як рӯз қабл аз эълони ҳукмаш, ҳангоми ироаи сухани охирин дар додгоҳ гуфта буд, ҳеч гоҳ аз "Гурӯҳи 24"-и соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов пуштибонӣ накарда ва узви он низ набудааст.

Гулчеҳра Маҳмудова, модари Умедҷон Солиҳов, баъд аз эълони ҳукми фарзандаш дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, барои додхоҳӣ ба суди солӣ ва раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат хоҳад кард.

Бар пояи маводи парвандаи ҷиноӣ, ин сокини ноҳияи Ваҳдат дар тобистони соли 2014 дар як гирдиҳамоии "Гурӯҳи 24" дар шаҳри Новосибирски Русия иштирок карда, ҳукумати Тоҷикистонро ба фурӯхтани замини кишвар ба Чин муттаҳам ва президентро таҳқир кардааст. Ӯ рӯзи 9 ноябри соли 2014 ҳудудан як ҳафта баъди бозгашт ба Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти интизомӣ боздошт шуд.

Умедҷон Солиҳов дар мурофиаи рӯзи 3 март, зимни ироаи сухани охиринаш танҳо ин ҷумларо ба забон овард, ки "узви "Гурӯҳи 24" нест ва ҳеҷ гоҳ аз ин созмон ҷонибдорӣ накардааст."

Солиҳов  аз додгоҳ хоҳиш кард, бо назардошти ягона саробони хона будан ва модари бемор доштанаш ӯро афв кунад.

Вакили мудофеи Умедҷон Солиҳов айбҳои эълоншуда алайҳи зерҳимояи худро беасос медонад. Бузургмеҳр Ёров борҳо ба матбуот гуфтааст, ки иштироки ӯ дар гирдиҳамоӣ дар Новосибирск бо дархости хадамоти Русия  сурат гирифтааст. Қарор буд, намояндаи хадамоти амнияти Русия дар додгоҳи Тоҷикистон ҳозир шавад ва бегуноҳии Умедҷон Солиҳовро исбот кунад. Аммо бо вуҷуди танаффус дар мурофиа, ягон намояндаи ФСБ, Хадамоти федеролии амнияти Русия дар додгоҳ ҳозир нашуд.

Солиҳов бар асоси чанд банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон — моддаҳои 307 қисми 1 — "даъват ба экстремизм", 301 қисми 2 — "даъват ба ғасби ҳокимият", 307, қисми 3 — "ҷавобгарии ҷиноӣ барои созмони гурӯҳи экстремистӣ", 187, қисми 1 — "таъсиси гурӯҳи ҷиноӣ", 137, қисми 2 — "таҳқири оммавии президент" — айбдор мешавад.

Аммо волидайни ӯ ин далелро пеш меоранд, ки агар фарзанди онҳо гунаҳкор мебуд, ҳеҷ гоҳ ба Тоҷикистон намеомад  ва худро ба дасти мақомоти қудратӣ таслим намекард.

Аз ин пеш созмондиҳандагони гурӯҳи 24 низ узвияти ӯро дар созмони худ рад карданд. Шарофиддин Гадоев, яке аз раҳбарони "Гурӯҳи 24", аз созмонҳои мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо расонаҳо гуфта буд, Умедҷон Салиҳов рабте ба созмонҳои онҳо надорад.

"Гурӯҳи 24" рӯзи 10 октябри соли 2014 дар маркази Душанбе як гирдиҳамоӣ алайҳи сиёсати ҳукумати Тоҷикистонро даъват кард. Аммо мақомоти Тоҷикистон аз чанд рӯзи пеш тадобири амниятиро дар атрофи пойтахт афзоиш дода, худи "Гурӯҳи 24"-ро бо қарори Додгоҳи олӣ экстремистӣ ва мамнӯъ эълон карданд. Дар натиҷа, рӯзи 10 октябр дар соате ки "Гурӯҳи 24" даъват карда буд, касе ба гирдиҳамоӣ дар майдони марказии Душанбе ҳозир нашуд.

Лентаи хабарҳо
0