Вазорати маориф мутахассиси донандаи 3 забон меҷӯяд: маош – 804 сомонӣ

© SputnikМинистерство образования и науки РТ. Архивное фото
Министерство образования и науки РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалӣ меҷӯяд

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Тибқи иттилои ин ниҳод довталабони кор ба ҳайси мутахассиси Раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф, ки маоши мансабии он  - 804 сомонӣ мебошад, бояд то 6 ноябри соли равон ҳуҷҷат пешниҳод кунанд.

Глава налогового комитета Таджикистан Давлатзода Нусратулло, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баҳси маоши каму мошини қимат: Кумитаи андоз гуфт, кӣ чанд сомонӣ мегирад?

Манбаъ дар феҳрасти талабот аз довталабон, малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, малакаи кор бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office – ро зикр кардааст.

Вазорати маориф дар сомонааш таъкид намудааст, ки инчунин довталаб бояд малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатиро дошта бошад.

Ин ниҳод нишонии қабули ҳуҷҷатҳоро, шаҳри Душанбе, кӯчаи Нисормуҳаммад-13А, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  раёсати кадрҳо ва корҳои махсус  - ҳуҷраҳои 400, 412 нишон дода, таъкид намудааст, ки санадҳо то 6 ноябри соли 2018, ҳар рӯз аз соати 14:00 то 17:00 қабул мешаванд.

Манбаъ таъкид кард, ки озмун  рӯзи 13 ноябри соли 2018  соати 10:00 баргузор мегардад ва довталабон барои иттилои бештар метавонанд тариқи суроғаи электронӣ - mort@maorif.tj,  телефон - 227-67-07 ва ё факс 221-70-25 муроҷиат кунанд.

Лентаи хабарҳо
0