Гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Русия 12 дарсад афзоиш ёфтааст

© Sputnik / Амир ИсаевФлаг России и Таджикистана
Флаг России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Русия яке аз шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон боқӣ мондааст. Гардиши молу коло миёни ду кишвар дар зарфи нӯҳ моҳи соли равон беш аз 750 миллион долларро ташкил додааст

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik.  Дар давоми нӯҳ моҳи соли равон гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Русия наздик ба 12 дарсад афзоиш ёфтааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Муовини сарвазири Русия Игор Шувалов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Шувалов дар Душанбе хонаи “савдо” мекушояд

Бино бар иттилои Ожонсии омори Тоҷикистон, яке аз шарикони асосии  тиҷории Тоҷикистон мисли пештара Русия ба шумор меравад.

Гардиши молу маҳсулот дар зарфи нӯҳ моҳи соли равон 750 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 дарсад зиёд мебошад.

Дар ҷои дуюм Қазоқистон бо нишондоди 612 миллион доллар, дар ҷои сеюм Чин (475 млн. доллар), сипас Туркия  (291 млн. доллар), Узбакистон (218 млн. доллар) қарор гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол воридкунандаи асосии молу маҳсулоти Тоҷикистон Қазоқистон будааст.  Наздик 28 дарсади ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистон ба ҳамин кишвар рост меояд.

Рынок Мехргон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Савдо гарм мешавад: МОИ Суғд дар Чин намояндагӣ боз кард

Содиркунандаи асосии молу маҳсулот ба Тоҷикистон Русия будааст. Беш аз 30 дарсади ҳаҷми умумии воридоти молу маҳсулот ба Тоҷикистон аз ҳамин кишвар будааст.

Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон бо 97 кишвари дунё равобити тиҷоратӣ доштааст.  

Пештар Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои  Тоҷикистон, таъкид намуда буд, ки Русия яке аз кишварҳои пешсаф дар сармоягузии ҷумҳури ба ҳисоб меравад.

Ба гуфтаи вазир маблағгузории Русия ба иқтисоди Тоҷикистон 20 дарсади  ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба кишварро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр  ҳаҷмии умумии сармоягузориҳои Русия ба иқтисоди Тоҷикистон 1,6 миллиард долларро ташкил додааст.

Лентаи хабарҳо
0